Сармураббии “Равшан”-и Кӯлоб Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз вазифааш даст кашид. Дар ин бора худи ӯ ба торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод ва гуфт, ки ин тасмим рӯзи 3 июл, баъд аз як вохӯрияш бо президенти клуби “Равшан” Музаффар Исҳоқов гирифта шуд. Ба қавли ин мутахассиси 50-сола, ҳоло шартномаи фаъолияти ӯ бо ризояти ду тараф пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ сармураббии дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб шуда буд.
Истеъфои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар чемпионати имсолаи футболи мамлакат нахустин мебошад. Зери роҳбарии Муаллим “Равшан” дар қисми аввали чемпионат нӯҳ бозӣ гузаронидаст, ки дар чортои он ғолиб ва дар сетояш мағлуб шуда, ду вохӯриро мусовӣ анҷом додаст. Дастаи шаҳри Кӯлоб баъди қисми якуми чемпионат бо 14 имтиёз дар зинаи панҷуми ҷадвали чемпионат қарор дорад. “Равшан” нисбати “Хайр”, ки зинаи сеюми ҷадвали мусобиқаро ишғол мекунад, ҳамагӣ ду имтиёз камтар дорад.