Дар сохтори Федератсияи футболи кишвар тағийрот ба амал омад. Кумитаи доварон, ки якуним соли охир аз ҷониби Сафар Каримов роҳбарӣ мешуд, минбаъд ба тобеияти Лигаи миллии футболи Тоҷикистон гузаронида шуд.
Он гуна, ки ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Мирзоев хабар доданд, дар оянда доварони бозиҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ аз ҷониби Лигаи миллии футболи Тоҷикистон зери роҳбарии Алишер Урунов таъин карда мешаванд.
Ҳаминро қайд мекунем, ки аз аввали сол таъиноти нозирони хизматгузори бозиҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ низ ба зиммаи ЛМФТ вогузошта шуд.
Алоқамандона ба ин тағийрот дар сохтори ФФТ, акнун собиқ сардори кумитаи доварон Сафар Каримов масъулияти роҳбарии базаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Норакро ба зимма дорад.