Сармурабии мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов баъди бохт аз наврасони Испания дар даври ифтитоҳии мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона, андешаҳояшро нисбати бозӣ чунин баён кард:
– Ман аз иштирок дар чунин мусобиқаи сатҳи баланд ва бозӣ бо мунтахабҳои пурқувват хеле шод ҳастам. Иштирок дар чунин сабқатҳо ба бачаҳои мо имконият медиҳанд, ки таҷриба гиранд. Боназардошти он, ки дастаи мо имсол дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё иштирок мекунад, иштирок намудан дар ин гуна мусобиқаҳои байналмилалӣ бароямон бисёр манфиатнок аст. Аз лиҳози ҷисмониву тактикӣ мо нисбати ҳариф андаке сусттар будем. Аммо, мо махсус ба ин мусобиқа бачаҳои синашон як сол хурдтарро овардем, то ки онҳо дар ин гуна сабқатҳо таҷриба ҳосил кунанд. Дар вохӯриҳои дигар кӯшиш мекунем, ки беҳтар бозӣ карда, ғолиб шавем.
– Шуморо дар Қазоқистон чӣ гуна истиқбол карданд?
– Мо андак пештар дар Ҷопон будем ва бояд иқрор шуд, ки сатҳи ташкили мусобиқа дар ин ҷо беҳтар аст. Мехоҳам ба ташкилкунандагони сабқат арзи сипос намоям. Барои истиқомат, бозӣ ва тамринҳо ҳама шароитҳо муҳайё шудаанд.