Мунтахаби Тоҷикистон дар Дакка тамрини пеш аз бозии худро гузаронд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар Дакка тамрини пеш аз бозии худро гузаронд

Бегоҳи рӯзи душанбе тими миллии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллии “Бангабанду”-и Бангладеш тамрини пеш аз бозии худро гузаронд.

Футболбозони тоҷик ба тамрин баъд аз як соати вақти ба нақша гирифта шурӯ карданд. Зеро бо сабабҳои пробка будани роҳҳои мошингарди пойтахти Бангладеш онҳо аз меҳмонхона то варзишгоҳ давоми бештар аз ду соат роҳ паймуданд.

Дар тамрин, ки бештар аз як соат идома ёфт ҳамаи бозигарони тими миллӣ ширкат карданд. Футболбозон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, гурӯҳи аввал зери роҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев ва гурӯҳи дуюм зери роҳбарии мураббиёни калони даста Вазген Манасян ва Рустам Қурбонов ба тамрин фаро гирифта шуданд. Се нафар дарвозабонҳои даста бошанд бо  мураббии дарвозабонҳои тими миллӣ Амоншо Содатсайров машқ карданд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки муҳофизатгари “Хайр” Идибек Ҳабибуллоев дар ҷараёни тамрин лат бардошта пеш аз анҷоми машғулият тамринро тарк кард.

Бозии байни Бангладешу Тоҷикистон дар доираи даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 рӯзи 16 июн соати 17.00 ба вақти маҳаллӣ (соати 16.00 ба вақти Душанбе) дар Дакка дар варзишгоҳи миллии “Бангабанду”  доир мешавад.

Добавить комментарий