Дар арафаи бозии даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Бангладешу Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Бангладеш нишасти хабарӣ бо иштироки сармураббиён ва як нафарӣ бозигарони дастаҳо доир гардид. Дар ин нишасти хабарӣ сармураббии тими миллии мо Муҳсин Муҳаммадиев ва дарвозабони даста Алишер Тӯйчиев ширкат карданд.
Муҳсин МУҲАММАДИЕВ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:
– Барои тими миллии мо ин нахустин бозии сафарӣ дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 мебошад ва мо ба ин бозӣ бисёр ҷиддӣ омодагӣ гирифт, зеро бозии даври аввал барои мо низ мисли мунтахаби Бангладеш буд. Оне ки имрӯз мунтахаби Бангладеш дар раддабандии ФИФА дар зинаи 166-ум меистад, ҳеҷ муҳимияте надорад. Ба ҳамаи дастаҳои рақиб бояд эҳтиром дошт ва ба бозӣ муттаҳидона бояд ворид шуд. Айни замон дастаҳои заиф вуҷуд надоранд ва касе ба касе имтиёз тӯҳфа доданӣ нест. Аз ин рӯ пагоҳ бисёр бозии ҷоиб мешавад. Мо аз бохт дар бозии даври авал бо Урдун ба худ хулосабардорӣ кардем. Имтиёзҳоро бояд ба даст даровард, дар мо роҳи дигар вуҷуд дошта ҳам наметавонад.
Дар бораи тими мунтахаби Бангладеш маълумоти кофӣ дорем. Мо бозии охири онҳоро бо мунтахаби Қирғизистон (1:3) ва бозии санҷиширо бо тими миллии Афғонистон (1:1) омӯхтем.
Алишер ТӮЙЧИЕВ, дарвозабони тими миллии Тоҷикистон:
– Пагоҳ бозӣ бисёр мушкил мешавад. Бо ҳама эҳтиром нисбати мунтахаби миллии Бангладеш, бояд изҳор кунам, ки мо ба мақсади ғалаба ба ин ҷо омадем. Мо барои натиҷаи дилхоҳро соҳиб шудан тамоми имкониятҳоро истифода мекунем. Агар ҳамаи бозигаронамон дастурҳои ситоди мураббиёни дастаро пурра иҷро кунанд, бовар дорам, ки ба хона бо се имтиёз бармегардем.