Капитани тими миллии Тоҷикистон Фарҳод Восиев баъди бозии даври аввали марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Урдун (1:3) андешаҳояшро нисбати бозӣ баён кард. Капитан пеши мухлисони мунтахаби миллӣ узрхоҳӣ намуда, эътироф кард, ки мунтахаби Урдун аз ҳама ҷиҳат пурқувват буд:
“Аввалан мехоҳам аз номи худ ва аз ҷониби даста барои чунин натиҷа пеши мухлисон узрхоҳӣ кунам. Ин барои ҳамаи мо ногувору шармовар аст. Мо ҳама аз бозии худ норизоем. Ҳатман хатоҳоро таҳлил карда, хулосабарорӣ бояд кард, то минбаъд онҳо такрор нашаванд.
Мехоҳам сипосгузории самимонаи аҳли командаро ба мухлисон барои дастгирии ҳамаҷонибаашон баён кунам. Онҳо ба мо бовар карданд, мутаассифона, мо онҳоро хурсанд карда натавонистем. Мо на танҳо онҳо, балки роҳбарияти Федератсияи футболи кишварро дар ҳолати ногувор мондем. Зеро онҳо барои мо тамоми шароити тамринро муҳайё карданд. Мо бисёр аз он маҳзунем, ки натиҷаи хуб ва бовари онҳоро сазовор шуда натавонистем.
Мутаассифона, на ҳамаи бозигаронамон то ҳадди лозима кӯшиш карданд. Рақиб ба мо аз рӯи ба ғалаба хоҳиши зиёд доштанаш пирӯз шуд. Имрӯз шумораи зиёди мухлисон Алишер Тӯйчиевро танқид мекунанд. Аммо ман ба онҳо тамоман розӣ шуда наметавонам. Дар голҳои сардодашуда ҳамаи даста, аз он ҷумла ман ҳам гунаҳкор ҳастем. Ҳамагӣ ба хатогиҳо роҳ додем, ки сабаби задани голҳо шуданд. Агар Алишер Тӯйчиев намешуд, шаш-ҳафт голамон мезаданд.
Ҳар як бозигари мунтахаби миллӣ барои бозии бебарор бо Урдун мушавваш аст. Мо бозиро бо мунтахаби ниҳоят пурқувват бохтем. Тими миллии Урдунро барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии ҶҶ-2014 дар Бразилия ҳамагӣ як қадам монда буд. Бохт аз Урдун ба мо барои оянда сабақи бузург мешавад. Зарур аст, ки ин бохтро тезтар фаромӯш карда, рӯҳан шикаста нашавем ва дар бораи оянда фикр кунем.
Бори дигар аз номи даста аз мухлисон барои он бозие, ки мо бо Урдун нишон додем, узрхоҳӣ мекунам. Бисёр умед мебандам, ки мухлисон моро мефаҳманд ва минбаъд низ дастгириямон мекунанд. Мухлисони мо ба футболи хуб ва натиҷаҳои беҳтари тими миллӣ сазоворанд”, – гуфт Фарҳод Восиев дар мусоҳибааш бо торнамоии расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.