Имрӯзҳо мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, ҷамъомади таълимиву машқии худро дар шаҳри Баҳори Ҷумҳурии Исломии Эрон мегузаронад. Даста, ки зери роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев тамрин мекунад, дар доираи ин омодагӣ ду бозии санҷишӣ гузаронд.
Бозии аввали худро шогирдони Ҳусейн Шодиев бо мунтахаби футзали ҷавонони шаҳри Баҳор доир карданд. Бозӣ бисёр шавқовару пуршиддит сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи футзалистони тоҷик поин шуд. Голи ягона ва ғолибиятро дар дақиқаҳои охири бозӣ Андрей Георгевский, ки ба қарибӣ аз дастаи футзали “Спартак”-и Москав ба “Спарта”-и Хуҷанд гузаштааст, ба самар расонд.
Дар ин бозӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон бо чунин ҳайат баромад кард: Мурод Алиқулов, Раҳмоналӣ Шарипов, Мансур Мамедбабаев (капитан), Андрей Георгиевский ва Меҳрубон Тиллозода.
Дар бозии дуюми санҷишӣ, мунтахаби футзали Тоҷикистон аз мунтахаби бошгоҳҳои футзали Эрон бо ҳисоби 2 бар 5 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи рақиб бозигароне ба майдон баромаданд, ки зодагони шаҳри Баҳор буда, дар ҳайати дастаҳои футзали лигаи олии Эрон ва инчунин мунтахаби миллии футзали ин мамлакат баромад мекунанд. Ин бозиро мураббии футзали маъруфи эронӣ Ҳусейни Шамс тамошо кард. Мунтахаби миллии футзали Эрон таҳти роҳбарии Ҳусейни Шамс чандин маротиба унвони чемпиони Осиёро соҳиб шудаст. Бояд қайд кард, ки ин бозӣ характери хайротро дошт ва ҳамаи маблағи аз фурӯши бидетҳои бозӣ ба даст омада, барои табобати беморони гирифтори бемориҳои онкологӣ эҳсон карда шуд.
Дар ин бора ба торнамои расмии Федератсияи футболи мамлакат мараббӣ-таҳлилгари мунтахаби футзали Тоҷикистон Акбар Абдуллоев аз Баҳори Эрон хабар дод.