Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии даври ифтитоҳии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахби миллии Урдун бо либосҳои сурх бозӣ мекунад. Меҳмонон бошанд бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд.
Ин мавзӯ имрӯз дар ҷаласаи машваратии пеш аз бозии роҳбарони дастаҳо дар конфронс-толори меҳмонхонаи “Тоҷ Палас”-и Душанбе барассӣ шуда ба мувофиқа расид.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври аввали марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Урдун, рӯзи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷуҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 20.00
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мухлисони футболи кишвар дар ин бозӣ навгонии махсусе омода кардаст. Ҳамаи мухлисони ба варзишгоҳ омада, имкони бурд кардани тӯҳфаҳоро доранд. Билетҳои бозиро харидорӣ карда, шумо соҳиби ин имконият мешавед ва шахси хуштолеъ аз варзишгоҳ савори “Мерседес”, “iPhone 6” ва ё ки “iPad” дар бағал берун мешавад. Билетҳо дар фурӯшанд ва шумо метавонед онҳоро аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва мағозаҳои либоси варзишии “Joma” ва “Адидас” харидорӣ намоед. Арзиши як дона билети маъмулӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 15 сомониро ташкил мекунад.