Шаби 7 ба 8 июн ҳайати намояндагии тими миллии Урдун ҷиҳати иштирок дар бозии даври ифтитоҳии марҳилаи дуюми интихобиии Ҷоми Ҷаҳон-2018 бо мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе омад.
Сармураббии мунтахаби Урдун Аҳмад Абу Исмоил бо худ ба Душанбе 26 нафар бозигар овардаст. Аҳмад Абу Исмоил моҳи марти соли гузашта ба ҳайси сармураббии “Зат Рас” ба бозии Ҷоми КФО бо “Равшан” (Кӯлоб) ба Тоҷикистон омада буд. Ҳайати намояндагии мунтахаби миллии Урдун дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Шератон” ҷойгир шуд.
Имрӯз, 8 июн, соати 18.00 дастаи меҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрини якуми худро мегузаронад.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври аввали марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Урдун, рӯзи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷуҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 20.00.
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мухлисони футболи кишвар дар ин бозӣ навгонии махсусе омода кардаст. Ҳамаи мухлисони ба варзишгоҳ омада, имкони бурд кардани тӯҳфаҳоро доранд. Билетҳои бозиро харидорӣ карда, шумо соҳиби ин имконият мешавед ва шахси хуштолеъ аз варзишгоҳ савори “Мерседес”, “iPhone 6” ва ё ки “iPad” дар бағал берун мешавад. Билетҳо дар фурӯшанд ва шумо метавонед онҳоро аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ харидорӣ намоед. Арзиши як дона билети маъмулӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 15 сомониро ташкил мекунад.
Ёдовар месозем, ки аллакай, VIP-билетҳо ба бозии мазкур ба фурӯш бароварда шуданд. Шахсоне, ки VIP-билетҳоро харидорӣ мекунанд, бозии тими миллии кишварро аз нишастгоҳи бофароғати VIP-ложаи варзишгоҳ тамошо хоҳанд кард. Вурудшавӣ ба варзишгоҳ низ тавассути VIP-даромадгоҳи махсус сурат мегирад. Дар танаффуси бозӣ дорандагони VIP-билетҳо бо ғизо таъмин карда мешаванл.
Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст. Ҳамаи билетҳо тариқи дархости пешакӣ фурӯхта мешаванд. Нархи як дона VIP-билет 700 сомониро ташкил медиҳад. VIP-билетҳоро метавонед бо телефонии 98-755-35-35 дархост кунед.