Рӯзи якшанбеи 7 июн дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бозиҳои ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд. Аз рӯи натоиҷи ин бозиҳо дастаҳои иштирокчии марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқа маълум шуданд.
Ба даври навбатии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои “Чашма” (Шаҳритӯс), “Саройкамар” (Панҷ), “Исфара” (Исфара), “Канд” (Конибодом) ва “Помир” (Душанбе) роҳхат гирифтанд. Як финалисти дигар баъди дар ҷуфти “Кӯктош” – “Панҷшер” маълум мешавад.
Ҳаминро қайд мекунем, ки даҳ дастаи лигаи олӣ – «Истиқклол», «Хуҷанд», «Хайр», «Регар-ТадАЗ», «Далерон-Уротеппа», «Равшан», КМВА «Помир», «Вахш», «Барқи тоҷик» ва «Парвоз» аз 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.
Ҷоми Тоҷикистон-2015
Марҳилаи пешакӣ. Давраи якум. Бозиҳои ҷавобӣ
Минтақаи Душанбе
«Чашма» (Шаҳритӯс) – «Ҳулбук» (Восе) – 3:0 (бохти техникӣ)
Бозии якум – 2:0.
«Ҳосилот» (Фархор) – «Саройкамар» (Панҷ) – 0:3
Бозии якум – 3:4.
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Локомотив» (Душанбе) – 4:3
Бозии якум – 2:0.
Минтақаи Суғд
МТО (Хуҷанд) – «Исфара» (Исфара) – 2:1
Бозии якум – 0:1.
«Канд» (Конибодом) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 4:2
Бозии якум – 3:4.
Марҳилаи пешакӣ. Давраи дуюм. Бозии аввал
Минтақаи Душанбе
10 июн (чоршанбе)
«Кӯктош» – «Панҷшер»
Марҳилаи пешакӣ. Давраи дуюм. Бозиии ҷавобӣ
Минтақаи Душанбе
17 июн (чоршанбе)
«Панҷшер» – «Кӯктош»