Тими миллии Тоҷикистон омодагияшро дар Душанбе идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон омодагияшро дар Душанбе идома медиҳад

Мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев ҷамъомади таълимию тамринии ҳафтрӯзаи худро дар қароргоҳи Академияи клуби футболи “Истиқлол” дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор анҷом карда, ба Душанбе баргашт. Дружинаи Муҳаммадиев тайёрии худро ба бозии даври аввали марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 бо тими миллии Урдун, дар пойтахти кишвар идома медиҳад.

Имрӯз, соати 20.00 бегоҳ тими миллӣ тамрини якуми худро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегузаронад.

Он гуна, ки менеҷери мунтахаби миллии кишвар Улуғбек Каримов ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, легионерҳои мо Фарҳод Восиев (“Газовик”) ва Давронҷон Эргашев (“Жетису”) пагоҳ, 7 июн ба даста ҳамроҳ мешаванд.

Ниммуҳофизатгари “Истиқлол”-и пойтахт Парвизҷон Умарбоев, ки дар бозии чемпионат бо “Регар-ТадАЗ” пояш ҷароҳат бардошта буд, айни ҳол низ табобат мегирад. Хушбахтона, Соҳиб Саванқулов шифо ёфта рӯзҳои охир дар Алмосӣ бо гурӯҳи асосӣ тамрин мекард.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври аввали марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Урдун, рӯзи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷуҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 20.00.

Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мухлисони футболи кишвар дар ин бозӣ навгонии махсусе омода кардаст. Ҳамаи мухлисони ба варзишгоҳ омада, имкони бурд кардани тӯҳфаҳоро доранд. Билетҳои бозиро харидорӣ карда, шумо соҳиби ин имконият мешавед ва шахси хуштолеъ аз варзишгоҳ савори “Мерседес”, “iPhone 6” ва ё ки “iPad” дар бағал берун мешавад. Билетҳо дар фурӯшанд ва шумо метавонед онҳоро аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва мағозаҳои либоси варзишии “Joma” ва “Адидас” харидорӣ намоед. Арзиши як дона билети маъмулӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 15 сомониро ташкил мекунад.

Добавить комментарий