Рӯзи шанбеи 30 май чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои собиқадорони футбол оғоз шуд. Чемпионат дар ду қисм баргузор мешавад. Дастаҳо дар майдони худ ва дар сафар бо ҳамдигар вомехӯранд. Дар ин мусобиқа шаш даста – “Трикотажчӣ” (Истаравшан), “Равшан” (Кӯлоб), “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Хуҷанд” Хуҷанд, “Динамо” ва “Рамис-Испкечак”-и Душанбе иштирок мекунанд.
Дар даври ифтитоҳии чемпионат собиқадорони “Вахш” дар майдони худ бо “Хуҷанд” мусовӣ 1 бар 1 бозӣ карда, “Равшан” бар “Динамо” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Бозии байни “Трикотажчӣ” (Истиравшан) ва “Рамис-Испечак” (Душанбе) ба мӯҳлати андактар гузаронида шуд.
Бозиҳои даври дуюм рӯзи шанбеи 6 июн доир мешаванд. Дар ин давр “Рамис-Испечак” бо “Хуҷанд”, “Динамо” бо “Вахш” ва “Трикотажчӣ” бо “Равшан” вомехӯранд.
Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои собиқадорон. Даври 1-ум
«Равшан» (Кӯлоб) – «Динамо» (Душанбе) – 1:0
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:1
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
2 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
3 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 1 | 0 | 1 | 0 | 1-1 | 1 |
4 | «Трикотажчӣ» (Истаравшан) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
5 | «Рамис-Испечак» (Душанбе) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
6 | «Динамо» (Душанбе) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
Дар даври 2–юм вомехӯранд:
6 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:30
«Рамис-Испечак» – «Хуҷанд»
«Динамо» – «Вахш»
«Трикотажчӣ» – «Равшан»