Муҳсин Муҳаммадиев командаашро омода мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Муҳсин Муҳаммадиев командаашро омода мекунад

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев номгӯи бозигаронеро, ки барои омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии гурӯҳии ҶҶ-2018 даъват шудаанд, расман эълон кард.

Ба қароргоҳи мунтахаби миллии кишвар барои бозӣ бо Урдун (11 июн) ва бо Бангладеш (16 июн) 26 бозигар даъват шудааст, ки аз онҳо 3 нафарашон дарвозабон, 11 нафарашон муҳофизатгар, 9 нафарашон ниммуҳофизатгар ва 3 нафари боқимонда ҳамлагарон мебошанд. Ба дархостномаи мусобиқа бошад, 23 нафар бозигар шомил мешавад.

Шумораи бештари аъзоёни тими миллӣ бозигарони клуби футболи “Истиқлол”-и пойтахтанд, ки ба қариби барои бори аввал дар таърихи футболи кишвар, соҳиби роҳхат ба марҳилаи 1/4 финали Ҷоми КФО шуд. Муҳаммадиев ба ҳайати дружинаи худ 16 нафар бозигари чемпиони феълиро даъват кардаст. Инчунин ба ҳайати мунтахаби миллии кишвар, ду нафар легионерҳои тоҷик, ки дар дастаҳои хориҷи мамлакат бозӣ мекунанд, даъват шуданд. Инҳо муҳофизатгарон Фарҳод Восиев аз “Газовик”-и Федератсияи Русия ва Давронҷон Эргашев аз “Жетису”-и Қазоқистон ҳастанд.

Омодагиро ба бозии даври аввали марҳилаи интихобии гурӯҳии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Урдун, командаи Муҳаммадиев имрӯз, 30 май дар базаи Академияи клуби “Истиқлол” дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор оғоз мекунад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон вохӯрии аввали худро дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии гурӯҳии ҶҶ-2018 бо тими миллии Урдун, рӯзи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷуҳуриявӣ мегузаронад. Оғози бозӣ соати 20.00.

Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мухлисони футболи кишвар дар ин бозӣ навгонии махсусе омода кардаст. Ҳамаи мухлисони ба варзишгоҳ омада соҳиби имконияти бурд кардани тӯҳфаҳоро доранд. Билетҳои бозиро харидорӣ карда, шумо соҳиби ин имконият мешавед ва шахси хуштолеъ аз варзишгоҳ савори “Мерседес”, “iPhone 6” ва ё ки “iPad” дар бағал аз варзишгоҳ берун мешавад. Билетҳо аз 6 июн ба фурӯш бароварда мешаванд ва шумо метавонед, ки онҳоро аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва мағозаҳои либоси варзишии “Joma” ва “Адидас” харидорӣ намоед. Арзиши як дона билети муқаррарӣ барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 15 сомониро ташкил мекунад.

Ёдовар месозем, ки аллакай, VIP-билетҳо ба бозии мазкур ба фурӯш бароварда шуданд. Шахсоне, ки VIP-билетҳоро харидорӣ мекунанд, бозии тими миллии кишварро аз нишастгоҳи бофароғати VIP-ложаи варзишгоҳ тамошо хоҳанд кард. Вурудшавӣ ба варзишгоҳ низ тавассути VIP-даромадгоҳи махсус сурат мегирад. Дар танаффуси бозӣ дорандагони VIP-билетҳо бо ғизо таъмин карда мешаванл.

Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст. Ҳамаи билетҳо тариқи дархости пешакӣ фурӯхта мешаванд. Нархи як дона VIP-билет 700 сомониро ташкил медиҳад. VIP-билетҳоро метавонед бо телефонии 98-755-35-35 дархост кунед.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳар ду аз «Истиклол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Муҳофизон: Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Ҷаҳонигр Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров (ҳама аз  «Истиқлол»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»);

Ниммуҳофизон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарипов, Ромиш Ҷалилов (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (ҳар лу аз «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳар ду аз «Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Добавить комментарий