Рӯзи сешанбеи 2 июн дар майдончаҳои сабазаашон маснуии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дуюмин масобиқа бахшида ба гиромидошти хотираи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши ИҶШС Генадий Черевченко оғоз мешавад. Дар мусобиқа футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2003-2004 иштирок мекунанд.
Мувофиқи қуъакашӣ дастаҳои иштирокчӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Солор” (мураббӣ Насим Набиев), МҶМОВ (мураббӣ Боир Игамбердиев), ФШШН (мураббӣ Шариф Назаров), ба гурӯҳи “В” бошад дастаҳои “Авиатор” (мураббӣ Исмоил Саидов), “Городок” (мураббӣ Фирӯз Исматов) ва “Қаҳрамон”-и ноҳияи Ҳисор (мураббӣ Фаррух Севинов) шомиланд.
Мутобиқи низомномаи мусобиқа бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ ду қисми иборат аз 20 дақиқагӣ мебошанд. Дастаҳои дар гурӯҳҳо зинаҳои якумро ишғол намуда, барои ҷоизаи асосӣ рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки гурӯҳҳо зинаҳои дуюмро ишғол мекунанд, барои муайян намудани чоизадори медалҳои биринҷии мусобиқа ба ҳамдигар вомехӯранд. Ду дастаи аутсайдери гурӯҳҳо барои ҷои таскинбахши панҷум бо ҳам вориди рақобат мешаванд.
Дастаи ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа бо Ҷом ва диплому медалҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ташкилкунандагони мусобиқа барои беҳтарин дарвозабон, муҳофизатгар, ниммуҳофизатгар, ҳамлагар, бозигари аз ҳама хурди сабқат, мураббии дастаи ғолиб, мураббиёни дастаҳои иштирокчӣ, беҳтарин довар ва инчунин барои собиқадорони футболи тоҷик тӯҳфаҳои махсуси хотирвӣ омода намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ғолиби феълии Ҷоми гиромидошти хотираи Генадий еревченко футболбозони навраси дастаи “Авиатор”-и Душанбе мебошанд.