Фестивали футболи КФО (U-14): ғалабаи Тоҷикистон бар Ҳиндустон – Федерация Футбола Таджикистана

Фестивали футболи КФО (U-14): ғалабаи Тоҷикистон бар Ҳиндустон

Дар рӯзи дуюми бозиҳои Фестивали футболии Конфедератсияи футболи Осиё барои дастаҳои мунтахаби наврасони зери 14-солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки имрӯзҳо дар Академияи клуби футболи “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор ҷараён дорад, мунтахаби наврасони Тоҷикисон бар ҳамсолони ҳиндустониии худ бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягонаи шогирдони Носир Ҳамидовро Азизбек Ҳасанов дар дақиқаи 30+1 ба самар расонд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” наврасони Эрон бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 мунтахаби наврасони Шри-Ланкаро шикаст доданд. Баъди ду давр эрониҳо дар ҷадвали гурӯҳ бо 6 имтиёз пешсафанд. Тоқикистон ва Ҳиндустон ҳарду 3 имтиёзӣ дошта, мутаносибан зинаҳои 2 ва 3-ро ишғол мекунанд. Наврасони Шри-Ланка, ки дар ду бозӣ мағлуб шудаанд, дар зинаи чоруми ҷадвали гурӯҳ қарор доранд.

Бозии ҷамъбастии марҳилаи гӯрӯҳии худро дар доираи бозиҳои Фестивал наврасони мо рӯзи душанбеи 25 май ба муқобили наврасони Шри-Ланка мегузаронанд. Оғози ин бозӣ соати 16.00.

Рӯзи шанбе дар гурӯҳи “В” як бозӣ доир шуд. Покистон, ки дар даври аввал аз Непал бо ҳисоби  1 бар 0 мағлуб шуда буд, дар ин давр бар мунтахаби наврасони Афғонистон бо ҳамин ҳисоб пирӯзӣ ёфт.

Фестивали минтақавии футболии КФО (U-14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А»

Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 0:1

Гол: Азизбек Ҳасанов, 30+1.

Тоҷикистон: Гурез Холов, Хуршед Шарифов (капитан), Ҷонибек Шарипов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шӯҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов.

Дар авазшавӣ ба майдон баромадандФайзалӣ Ризоев, Умедҷон Хидиров, Фирӯз Фузайлов, Байёни Акбар, Субҳон Исмоилов, Масрур Қиёмиддинов, Анварҷон Ҳамидов.

23 май. Ҳисор. Академияи «Истиқлол». 370 тамошобинон.

 

Эрон – Шри-Ланка – 4:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 2 1 0 1 7-2 6
2 ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 3-3 3
3 Ҳиндустон 2 1 0 1 6-1 3
4 Шри-Ланка 2 0 0 2 0-10 0

* Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи бозии байниҳамдигарӣ нисбат ба Ҳиндустон боло меистад.

 

Гурӯҳи «В». 1даври ум

Покистон – Афғонистон – 1:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Непал 1 1 0 0 1-0 3
2 Покистон 2 1 0 1 1-1 3
3 Афғонистон 1 0 0 1 0-1 0

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

25 май (душанбе)

9.30 – Ҳиндустон – Эрон

16.00 – ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка

17.30 – Афғонистон – Непал

26 май (сешанбе)

8.30 – 1 «А» – 2 «В»

9.45 – 1 «В» – 2 «А»

11.15 – 3 «А» – 3 «В»

12.30 – Маросими пӯшидашавӣ

  • footballfan 26.05.2015 at 09:09

    бисёр хуб аст, ки чунин мусобиқот гузаронида мешавад. ҳар чи бештар шавад ҳамонқадар беҳтар. Клубҳои чемпионати кишварро ҳам дастгири кунед… ҳозир дар тамоми ҷаҳон футбол як тарзи пулкоркунӣ шудааст, пас аз ин истифода баранд… наврасон ва ҷавонона дастгирӣ кунанд… дар ТВ намоишҳои футболро зиёдтар кунан фақат футбол не ҳамаи намуди варзишҳо… раҳмат!!!!

Добавить комментарий