Тими миллии Тоҷикистон ба Дубай сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон ба Дубай сафар кард

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси узбекистонӣ –  Усмон Тошев ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Душанбе анҷом дода, имрӯз ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабӣ сафар кард.

Дар Дубай дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тимҳои миллии Баҳрайн (7 ноябр) ва Аморати Муттаҳиддаи Арабӣ (12 ноябр) бозиҳои санҷишиву дӯстона мегузаронад. Дар ин сафар сармураббӣ Усмон Тошев бо худ 25 футболбозро ҳамроҳ гирифтаст, ки аз инҳо 3 кас дарвозабон, 8 кас муҳофизатгар, 9 кас ниммуҳофизатгар ва 5 кас ҳамлагар мебошанд.

Ниммуҳофизи “Локомотив”-Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев дар бозии якуми тими миллии кишвар муқобили мунтахаби миллии Баҳрайн иштирок намекунад. Парвизҷон дар Дубай рӯзи 8 ноябр бо тими миллӣ пайваст мешавад.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн (7 ноябр) ва АМА (12 ноябр):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Мухриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Муҳофизон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»);

Ниммуҳофизон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғоистон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Шервони Мабатшоев (КМВА), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳама аз «Истиқлол»), Тоҳир Малодустов («Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Назари худро бинависед