Бозиҳои рӯзи аввали Фестивали футболии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони кишварҳои Осоиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷамъбаст шуданд. Фестивали мазкур дар Академияи Клуби футболи “Истиқлол” воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳиор ташкилу баргузор шуда истодааст. Дар Фестивал дастаҳои мунтахаби зери 14 солаи Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Афғонистон, Непал ва Покистон ширкат доранд.
Дар ҳар як рӯзи бозӣ ва ё худ даври Фестивал 3 бозӣ доир мешавад. Дар гурӯҳи “А”, ки мантахаби наврасони мо шомили он аст, се бозӣ баргузор гардид. Оиди мағлуб шудани мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии аввали рӯзи ифтитоҳи Фестивал аз ҳамсолони эронии худ бо ҳисоби 2 бар 3 мо, аллакай, хабар додем. Дар бозии дигари ин гурӯҳ наврасони Ҳиндустон бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 наврасони Шри-Ланкаро шикаст дод. Ин бозиро довари тоҷик Насим Ҳамидов ҳакамӣ кард. Дар гурӯҳи “В” бошад Непал бар Покистон бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд.
Бозиҳои даври дуюми навбатӣ рӯзи 23-юми май доир мешаванд. Соати 9.30 дақиқа, дар майдони футболбозии сабзааш таббиии Академияи клуби футболи “Истиқлол”, мунтахабҳои наврасони Покистон ва Афғонистон вориди рақобат мешаванд. Соати 16.00 Эрон бо Шри-Ланка ва соати 17.30 наврасони мо бо ҳамсолони ҳиндустонии худ бозӣ мекунанд.
Фестивали минтақавии футболии КФО (U-14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
ТОҶИКИСТОН – Эрон – 2:3
Голҳо: Ҷавод Яри, 21 (0:1). Алиризо Асадободи, 33 (0:2). Исроил Холов, 45 (1:2). Алиризо Асадободи, 56 (1:3). Байёни Акбар, 58 (2:3).
Тоҷикистон: Гурез Холов, Хуршед Шарифов, Ҷонибек Шарипов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шӯҳрат Элмуродов, Фирӯз Фузайлов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов, Ислом Зоиров.
Ҳангоми ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Файзалӣ Ризоев, Умедҷон Хидиров, Азизбек Ҳасанов, Байёни Акбар, Субҳон Исмоилов, Масрур Қиёмиддинов, Анварҷон Ҳамидов.
Эрон: Сино Саидифар, Амир Мохаммад Ходакарами, Даниэл Гударзи, Хамид Бахши, Шодмехр Хошбонуколвер, Мортеза Фархани Рад, Мохаммадреза Залигдер, Алиреза Асадабади, Ҷавод Яри, Мохаммад Махбубмоджаз, Ахмадреза Джалали.
Саровар: Муҳаммад Ризо Муҳаммадӣ (Афғонистон).
22 май. Ҳисор. Академияи футболи «Истиқлол». 350 тамошобинон.
Шри-Ланка – Ҳиндустон – 0:6
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | Ҳиндустон | 1 | 1 | 0 | 0 | 6-0 | 3 |
2 | Эрон | 1 | 1 | 0 | 0 | 3-2 | 3 |
3 | ТОҶИКИСТОН | 1 | 0 | 0 | 1 | 2-3 | 0 |
4 | Шри-Ланка | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-6 | 0 |
Гурӯҳи «В».даври 1-ум
Непал – Покистон – 1:0
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | Непал | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
2 | Афғонистон | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
3 | Покистон | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 2-юм
23 май (шанбе)
9.30 – Покистон – Афғонистон
16.00 – Эрон – Шри-Ланка
17.30 – Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм
25 май (душанбе)
9.30 – Ҳиндустон – Эрон
16.00 – ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка
17.30 – Афғонистон – Непал
26 май (сешанбе)
8.30 – 1 «А» – 2 «В»
9.45 – 1 «В» – 2 «А»
11.15 – 3 «А» – 3 «В»
12.30 – Маросими пӯшидашавӣ