Федератсияи футболи Вилояти Хатлон фаъол мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Вилояти Хатлон фаъол мешавад

Дар конфронс-толори Федератсияи футболи вилояти Хатлон ҷаласаи нахустин дар соли ҷорӣ баргузор шуд. Мавзӯи асоси ҷаласа тартиби гузаронидани чемпионати вилоят буд, ки мақоми лигаи дуюми Тоҷикистонро дорад.

Ҷаласа таҳти раёсати иҷрокунандаи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон (ФФВХ) Исроил Шарипов ҷараён гирифта, дар он аз 18 дастаи даъватшуда намояндагони 12 даста ширкат карданд. Ҷаласа қарор кард, ки ба дастаҳо барои иштироки худро ба таври хаттӣ дар чемпионати вилоят тасдиқ кардан, то 25 май мӯҳлат муқаррар карда шавад. Ҳаминро бояд қайд кард, ки чемпионати вилояти Хатлон солҳои зиёдест, ки гузаронида намешавад. Ҷаласаи навбатии Федератсияи футболи вилояти Хатлон рӯзи 26-уми май даъват шудаст.

20150514_112751

Добавить комментарий