Дар бозии марказии даври шашуми чемпионати футболи Тоҷикистон миёни “Регар-ТадАз” – “Хуҷанд”, ки рӯзи 17 май дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид, ғолиб муайян нашуд. Бозӣ мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт. Ҳисоби вохӯриро соҳибони майдон кушоданд. Дар дақиқаи 61 ҳамлагари металлургчиён Комрон Турсунов ба задани гол муваффақ шуд. Баъд аз даҳ дақиқаи пешсафии соҳибони майдон бозигарони дастаи соҳили Сирдарё ҳисобро баробар карданд. Голро ҳамлагари даста Аҳтам Ҳамроқулов ба самар расонд.
Аз мусовӣ дар бозии миёни “Регар-ТадАз” – “Хуҷанд” дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бурд кард. Шогирдони Тоҳир Муминов дар доираи бозиҳои ин давр “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб карданд. Бо сабаби омода набудани варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат ин бозӣ дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе доир шуд. Ин ғалабаи чоруми датаи “Хайр” дар чемпионати имсола мебошад. Баъди ин ғалаба витсе-чемпиони Тоҷикистон бо 13 имтиёз дар ҷадвали чемпионат ба зинаи дуюм баромад.
“Равшан”-и Кӯлоб низ дар ин давр ба ғалаба муваффақ шуд. Шогирдони Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бар аутсайдери чемпионат – “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуданд. Голи ягонаро дар ин бозӣ Бахтиёр Қаландаров дар дақиқаи 44 ба нишон зад.
КМВА “Помир” бошад, дар доираи бозиҳои ин давр ғалабаи дуюми худро дар чемпионати имсола таҷлил кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар дастаи “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуданд. Голро ба дарвозаи барқчиён Шамсиддин Қосимов зад.
Даври шушуми чемпионат рӯзи душанбеи 18 май ҷамъбаст мешавад. “Далерон-Уротеппа” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанберо қабул мекунад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум
“Барқи тоҷик” – КМВА “Помир” – 0:1
Гол: Шамсиддин Қосимов, 11.
“РАВШАН” – “ПАРВОЗ” – 1:0
Гол: Бахтиёр Қаландаров, 44.
“РЕГАР-ТАДАЗ” – “ХУҶАНД”– 1:1
Голҳо: Комрон Турсунов, 61 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 72 (1:1).
«ХАЙР» – «ВАХШ» – 2:0
Голҳо: Идибек Ҳабибуллоев, Баҳодур Шарифов, аз пеналти.
18 май (душанбе)
Оғоз соати 17:00
«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» – «ИСТИҚЛОЛ»
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 5 | 5 | 0 | 0 | 26-2 | 15 |
2 | «Хайр» (Ваҳдат) | 6 | 4 | 1 | 1 | 12-8 | 13 |
3 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 6 | 3 | 3 | 0 | 11-6 | 12 |
4 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 6 | 3 | 2 | 1 | 9-5 | 11 |
5 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 6 | 2 | 1 | 3 | 3-8 | 7 |
6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 6 | 2 | 1 | 3 | 7-13 | 7 |
7 | «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) | 4 | 1 | 2 | 1 | 6-4 | 5 |
8 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 6 | 1 | 2 | 3 | 2-7 | 5 |
9 | «Барқи тоҷик» (Душанбе) | 5 | 1 | 0 | 4 | 3-11 | 3 |
10 | «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) | 6 | 0 | 0 | 6 | 0-15 | 0 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ, Комрон ТУРСУНОВ («Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3 тӯбӣ.