Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!!! – Федерация Футбола Таджикистана

Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!!!

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи собиқадоронро ба муносбати таҷлили  70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик мекунад!

9 – май ҳамчун рӯзи бузургу муқаддасу хотирмон дар таърихи башарият бо ҳуруфи заррин хаккокӣ шудаст. Маҳз, дар ҳамин рӯзи соли 1945-ум, соати 0:43 дақиқаи вақти Москва намояндагони миллатгарои Олмон Акт оиди бе чуну чаро таслимшавиро ба имзо расониданд, ки он баъди 17 дақиқа ба ҳукми қонун даромад.

Ҳамин гуна ба мудҳиштарин амалиёти ҳарбӣ дар таърихи башарият нуқта гузошта шуд.

Тариқи бесобиқаи талафоти шумораи инсоният (бештар аз 25 миллион нафар) ва бо фаъолияту роҳбарии хирадмандонаи Артиши шӯравӣ, ИҶШС муваффақ шуд, ки ҳуҷуми 4 солаи хунин ва таҷовузгароёнаи миллатгароёнро аз ҳудуди давлати сермилати худ берун созад.

Хотираи қурбоншудагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷовидонист!

Шаъну шараф ба ҳамаи он халқу миллатҳое, ки барои озодии мову шумо ҷони худро талаф карданд!

Ҳеҷ кас фаромӯш нашудаст ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!!!

Добавить комментарий