ҶҶ-2018: доварони хизматрасони ду бозии аввали тими миллии тоҷикистон муайян шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

ҶҶ-2018: доварони хизматрасони ду бозии аввали тими миллии тоҷикистон муайян шуданд

Федератсияи байналмилалии ассотсиятсияҳои футбол (ФИФА) ҳайати хизматрасони бозиҳои ифтитоҳии мунтахаби Тоҷикистонро дар марҳилаи интихобии ҶҶ -2018 дар гурӯҳи “В” – (11 июн бо Урдун дар Душанбе) ва (16 июн бо Бангладеш дар Дакка)  номбар кард.

Бозии дружинаи Муҳаммадиевро бо мунтахаби Урдун дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бригадаи доварон аз Эрон бо роҳбарии сардовар, рефери 41-солаи ФИФА Муҳсин Торки ҳакамӣ мекунанд. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Муҳаммадризо Аболфазли 38-сола ва Саид Алиниёзҳадияни 39-сола кӯмак хоҳанд расонд. Довари эҳтиётии бозӣ рефери ФИФА Ҳасан Акрамии 31-сола мебошад. Нозири доварони ин вохӯрӣ Кадхум Ауда Лазим аз Ироқ ва комиссари бозӣ Алӣ Ҷебрил аз Фаластин мебошанд.

Бозии тими миллии моро дар сафар бо мунтахаби Бангладеш, ки 16 июн дар Дакка доир хоҳад шуд, довари 36-солаи кореягӣ Ли Мин Ху ҳакамӣ мекунад. Ли Мин Хуро дар канори майдон Банг Джеоли 32-сола аз Куриёи Ҷанубӣ ва Паллия Гурудж Приянга Намал аз Шри-Ланка кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётии ин бозӣ Понхена Хадиги Ашантха Прядхашана Диас аз Шри-Ланка мебошад. Нозири доварон Яқуб Муҳаммад Ҷума Аҳмад аз ИМА ва комиссари бозӣ Чен Ионглианг аз давлати Чин таъин шудаанд.

 

ҶҶ-2018. Марҳилаи дуюми интихобӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 20.00

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Сардовар: Муҳсин Торки (Эрон).

Ёварон: Мухаммадриза Аболфазли, Саид Алинезхадиан (ҳар ду аз Эрон).

Довари эҳтиётӣ: Ҳасан Акрами (Эрон).

Нозири доварон: Кадхум Ауда Лазим (Ироқ).

Комиссари бозӣ: Али Джебрил (Фаластин).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Оғоз соати 15.00

Бангладеш – ТОҶИКИСТОН

Сардовар: Ли Мин Ху (Кореяи Ҷанубӣ).

Ёварон: Банг Джеол (Кореяи Ҷанубӣ), Паллия Гурудж Прянга Намал (Шри-Ланка).

Довари эҳтиётӣ: Понхен Хадиги Ашантха Прядхашана Диас (Шри-Ланка).

Нозири доварон: Якуб Мухаммад Джума Ахмад (ИМА).

Комиссари бозӣ: Чен Ионглианг (Чин).

Дакка, Варзишгоҳи миллии  Бангабандху

Добавить комментарий