Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА, ки имрӯз, 7-уми май, нашр шудааст, бо 173 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин ҷойи 143-юмро касб кардааст.
Мунтахаби Олмон дар ин феҳрист дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина дар ҷойи дувум ва тими Белгия дар ҷойи севум мебошанд. Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Колумбия, Бразилия, Голландия, Португалия, Уругвай, Швейтсария ва Испания дохиланд.
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ тағйир наёфтааст ҷойи 22-юм). Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 40-ум), Ҷопон дар ҷойи дувум (50) ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи севум (57) мебошанд.
Дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ бошад, Тоҷикистон дар ҷойи 13-ум буда, пеш аз Қирғизистон (153) ва Туркманистон (159) қарор гирифтааст.
Мавқеи рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабанди нави ФИФА чунин аст: Австралия – ҷойи 64-ум, Урдун – ҷойи 103-юм, Қирғизистон – ҷойи 153-юм, Бангладеш – ҷойи 169-ум.
Бояд тазаккур дод, раддабандии ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад. Феҳристи баъдии ФИФА 4 июн нашр хоҳад шуд.