Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон менеҷери клуби футболи “Регар-ТадАЗ” Носир Бобоҷоновро муҷозот кард. Акнун Бобоҷонов се бозии дастаро “баҳузӯр” аз нишастгоҳи мухлисон тамошо мекунад. Гузашта аз ин, менеҷери “Регар-ТадАЗ” вазифадор аст, ки дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима пардохт намояд. Ин ҷазоро кумитаи интизомӣ нисбати Бобоҷонов барои он қабул кард, ки баъд аз анҷоми бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – “Хайр” (2:2) ӯ вориди майдон шуда ҳайати доварони бригади сардовари вохӯрӣ Хуршед Дадобоевро таҳқир намуд.
Дар ҷаласаи имрӯзаи Кумитаи интизомӣ инчунин қарорҳи зерин қабул шуданд:
– Барои риоя накардани банди 26-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки қасдан дағалона бозӣ кардан бо мақсади ҷароҳат додани ҳарифро баён мекунад, бозигари дастаи «Равшан» Суннатулло Холов дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» – «Хуҷанд» (2 май), дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– Барои риоя накардани банди 24-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки бо даст зарба задан ба рӯи ҳарифро баён мекунад, бозигари дастаи «Истиқлол» Наврӯз Абдул дар бозии ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ КМВА «Помир» – «Истиқлол» (2 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– Барои риоя накардани банди 19-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки нисбати ҳариф суханони қабеҳ гуфтанро баён мекунад, бозигари дастаи «Хайр» Беҳрӯз Ҳамроев дар бозии ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ “Регар-ТадАЗ” – “Хайр”(1 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– Барои риоя накардани банди 19-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки нисбати ҳариф суханони қабеҳ гуфтанро баён мекунад, бозигари дастаи “Регар-ТадАЗ” Акбар Бобомуродов дар бозии ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ “Регар-ТадАЗ” – “Хайр”(1 май) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– Барои риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шуданро баён мекунад, бозигари дастаи «Зарафшон»-Панҷакент Билол Султонов дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Панҷшер» – «Зарафшон» (1 май), ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– Барои риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шуданро баён мекунад, бозигари дастаи «Панҷшер» Равшан Азизов дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Панҷшер» – «Зарафшон» (1 май), ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– Барои риоя накардани банди 18-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки таҳқири ҳайати доварони бозиро баён мекунад, бозигари дастаи «Панҷшер» Ҷасур Саидов дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Панҷшер» – «Зарафшон» (1 май), ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.