Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон (U-19) Мубин Эргашев, пас аз қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 иброз намуд, ки дастаи мо дар гурӯҳи баробар афтодаст ва имконияти баромадан аз онро дорад. Дар марҳили ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 мунтахаби ҷавонони мо дар гурӯҳи “Д” якҷоя бо мунтахабҳои ҷавонони Қатар, Яман ва Малайзия баромад мекунад.
«Дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё рақибони суст нестанд. Нисбати гурӯҳ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки оддитарин ва гузаранда аст. Мо медонем, ки рақибони мо – тимҳои миллии Қатар ва Яман дар мусобиқоти интихобӣ дар як гурӯҳ бозӣ карданд ва бозияшон мусовӣ анҷом шуд. Инҳо дастаҳои хубанд ва онҳоро мағлуб кардан осон нахоҳад буд. Малайзия бошад дастаи қудратмандест, ки ба бохт тан намедиҳад ва барои мо ҳарифи ноқулай мебошад. Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии наврасони Осиё-2018 тими мо дар як гурӯҳ бо малайзиён бозӣ кард. Мо ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё бодиққат омодагӣ мебинем”, – гуфт Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусоҳиба бо сомонаи расмии ФФТ.