Имсол дар лигаи якуми Тоҷикистон 12 даста ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Имсол дар лигаи якуми Тоҷикистон 12 даста ширкат мекунад

Имрӯз, 9 апрел, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии тақвими мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар мавсими имсола, дар лигаи якуми мамлакат 12 даста – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ), «Саройкамар» (Панҷ), «Эсхата» (Хуҷанд), «Исфара» (Исфара), «Равшан» (Кӯлоб), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Моҳир» (Ёвон), «Равшан» (Зафаробод) ва «Ҳосилот» (Фархор) иштирок мекунанд. Мусобиқа дар ду қисм баргузор мешавад.

Бар асоси рақамҳои тартибие, ки дастаҳо дар қуръакашӣ соҳиб шуданд, тақвими бозиҳо тартиб дода мешавад.

Дар даври якуми мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон дастаҳо ба тартиби зайл вомехӯранд: 

«Исфара» (Исфара) – «Равшан» (Зафаробод)

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Шоҳмансур» (Душанбе)

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

«Ҳосилот» (Фархор) – «Ҳулбук» (Восеъ)

«Равшан» (Кӯлоб) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Моҳир» (Ёвон)

 

Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон нимаи дуюми моҳи апрел шуру мешавад.

Мувофиқи Низомномаи мусобиқа ду дастаи мақомҳои аввали мусобиқаро ишғолнамуда, сазовори роҳхат ба лигаи олии Тоҷикистон-2021 мешаванд.

Назари худро бинависед