Ҳайати намояндагии ФФТ дар Конгресси КФО дар Баҳрайн иштирок мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати намояндагии ФФТ дар Конгресси КФО дар Баҳрайн иштирок мекунад

Рӯзи панҷшанбеи 30-юми апрел дар пойтахти давлати Баҳрайн – Манама 26-ум Конгресси Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мегардад. Дар кори Конгресс намояндагони Федератсияҳои футболи миллии ҳамаи кишварҳои Осиё ширкат мекунанд.

Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ ноиби аввали президент Хуршед Мирзоев, дабири кулл Ислом Маҳмадшоев ва узви Кумитаи Иҷроияи ФФТ, роҳбари Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев намояндагӣ мекунанд.

Мавзӯҳои асосии Конгресс дар Манама интихоби президенти КФО ва инчунин Кумитаи Иҷроияи КФО ва ФИФА мебошанд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки Шайх Салман Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн, ки сар аз соли 2013 Конфедератсияи футболи Осиёро роҳбарӣ мекунад, ягона номзади номнависшуда ба вазифаи президенти Конфедератсияи футболи Осиё аст.

Добавить комментарий