Рӯзи шанбеи 25-уми апрел, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии футболи кӯдакона доир шуд. Фестивал дар доираи чорабиниҳои барномаи «Футболи оммавӣ»-и ФИФА ташкилу баргузор гардонида шуд. Дар фестивал 150 нафар кӯдакон ширкат карданд.
Дастурдиҳандагони футболи оммавӣ аз тамоми манотиқи кишвар баъди машғулиятҳои дурӯза дар доираи барномаи футболи оммавӣ ба варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ омаданд, то ки зери роҳбарии дастурдиҳандаи соҳибтаҷрибаи ФИФА Александр Чернухо донишҳои дар машғулиятҳои назариявӣ андӯхтаи худро дар амал татбиқ намоянд. Дар варзишгоҳ бештар аз 150 нафар духтаракону писарбачаҳо онҳоро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Дар ин иди варзишӣ кӯдакон иштирок намуда, тасуроти тасвирнашаванда бардоштанд.
Фестивалро дастурдиҳандаи ФИФА Александр Чернухо бо ёзиши мусиқӣ (музыкальная разминка) оғоз намуд. Чунин тарзи оғоз ба кӯдакон бисёр маъқул афтод.
Баъд аз он кӯдакон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар ҳар гӯшаи майдон зери роҳбарии як нафар дастурдиҳандаи маҳаллӣ ба омӯзиши малакаҳои футолӣ фаро гирифта шуданд. Баъд аз чанд лаҳза кӯдакон дар гурӯҳҳо ҷойҳояшонро иваз мекарданд. Дар ҳар як гӯшаи майдон кӯдаконро навгоние интизор буд. Онҳо техникаи дарвозабонӣ, кор кардан бо тӯб, зарбазанӣ ба дарвоза ва дигар ҳунарҳои футболии худро бо шавқу ҳавас сайқал медоданд.
Дар анҷоми фестивал ба ҳар як нафар кӯдаки иштирокчӣ тӯбҳои футболбозӣ тӯҳфа карда шуд. Тӯҳфаро гирифта хурсандии бачаҳоро ҳадду канор набуд. Дар анҷом барои хотира иштирокчиёни мусобиқа дастҷамъона аккосӣ шуданд.