Кори довари душанбегӣ Эркин Мадибоев, ки дар бозии даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Далерон-Уротеппа» – «Регар-ТадАЗ» (1:2) дар канори майдон Диловаршоҳ Орзуевро кӯмак мекард, ғайриқаноатбаш баҳогузорӣ шуда, то охири қисми якуми чемпионат доварӣ барканор карда шуд.
Дар ин бора шӯъбаи доварони ФФТ ба мо хабар доданд. Дар протоколи ҷаласаи шӯъбаи мазкур қайд шудааст, ки баъди тамошои сабти видеоии бозӣ байни дастаҳои «Далерон-Уротеппа» – «Регар-ТадАз» (1:2) ошкар гардид, ки ёвари якуми сардовари бозӣ Эркин Мадибоев дар дақиқаи 63-юми вохӯрӣ зарбаи ҷаримавиро ба фоидаи «Далерон-Уротеппа» муқаррар кард. Баъди аз ҷониби бозигари дастаи «Далерон-Уротеппа» иҷро шудани зарбаи ҷаримавӣ, тӯб ба ягон бозигари дигар барнахӯрда, вориди дарвозаи «Регар-ТадАз» шуд. Мадибоев дар ин ҳолат ба хатогии дағал роҳ дода, ҳолати «ғайри бозӣ»-ро (офсайд) муқаррар кард.
Дар дақиқаи 85-уми бозӣ бошад, Эркин Мадибоев ҳолати тӯби кунҷиро нодуруст ба фоидаи «Регар-ТадАз» муқаррар кард, ки баъди иҷрои он голи дуюм ба дарвозаи «Далерон-Уротепа» зада шуд.
Барои вайрон кардани моддаи 4-и кодекси интизоми доварон, «Хатоҳои дар доварии мусобиқаҳо роҳ ёфта…» банди 4.4 «баҳои ғайриқаноатбахши нозири бозӣ барои сифати доварӣ» ва банди 4.5 «тасдиқ шудани ғалатҳое, ки ба натиҷаи бозӣ таъсир расониданд», шӯъбаи доварони ФФТ қарор кард, ки довари душанбегӣ Эркин Мадибоевро то охири қисми якуми бозиҳои Лигаи милии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ва якум аз хизматрасонӣ барканор намояд.
Ба ғайр аз ин, барои вайрон кардани моддаи 4-и кодекси интизоми доварони ФФТ: «Хатоҳои дар доварии мусобиқаҳо роҳ ёфта…», банди 4.10-и моддаи мазкур: «Ҳамаи ғалатҳо оиди шарҳи (трактовке) қоидаи бозиҳо, ки ба рафти он таъсир мерасонанд», шӯъбаи доварони ФФТ сардовари бозии байни дастаҳои «Далерон-Уротеппа» – «Регар-ТадАз» Диловаршоҳ Орзуевро аз доварии бозиҳои ду даври чемпионат барканор кард.