Конференсияи панҷуми тиббии Конфедератсияи футболи Осиё, ки бояд оғози моҳи апрел дар Деҳлӣ баргузор мешуд, бо сабаби якбора авҷгирии зукоми хук дар Ҳиндустон, ба охири моҳи ноябр гузаронида шуд.
Санаи нави баргузории конференсия аз 30-юми ноябр то 2-юми декабр дар Деҳлӣ муқаррар шуд. Дар ин конференсия Тоҷикистонро духтурони мунтахабҳои миллии кишвар Фаррух Авезов (тими миллӣ) ва Абдусаттор Қаландаров (мунтахаби ҷавонон) муаррифӣ мекунанд.
Мавзӯҳои асосии конференсияи серӯза, ташхис ва табобати беморӣ ва ҷароҳатҳои варзишӣ, чорабиниҳои зиддидопингӣ ва инчунин рух додани ҳолатҳои аз задан ист кардани дили бозигарон мебошад.
Интизор меравад, ки дар ин конференсияи КФО садҳо намояндагони давлатҳои Осиё ширкат мекунанд.