Сардовари бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон миёни «Далерон-Уротеппа» – «Хайр» иваз шуд.
Бо сабаби андаке нотоб шудани Парвиз Муртазоев, ки қаблан аз ҷониби Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҳакамӣ намудани бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан») – «Хайр» (Ваҳдат) таъин гардида буд, барои хизматрасонии ин вохӯрӣ Сайёдҷон Зайниддинови душанбегӣ таъин шуд. Зайниддиновро дар канори майдон Хусрави Сиддиқзод ва Беҳрӯз Муртазоев, ки ҳар ду аз Душанбе ҳастанд, кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Нозим Мансуров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба зимма дорад. Нозири бозӣ Абдураҳим Бобоев аз Турсунзода мебошад.
Ёдрас мекунем, ки бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни «Далерон-Уротепа» – «Хайр», рӯзи шанбеи 25-уми апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир мешавад. Оғози бозӣ соати 16.00