«Рамис-Испечак» – ғолиби Ҷоми шаҳрдорӣ! – Федерация Футбола Таджикистана

«Рамис-Испечак» – ғолиби Ҷоми шаҳрдорӣ!

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Душанбе бо ғалабаи дастаи футболи «Рамис-Испечак» поин шуд. Дар бозии ниҳоӣ «Рамис-Испечак» бар дастаи «Айнӣ» тавассути зарбаҳои пеналти бо ҳисоби 7 бар 6 ғолиб омад. 

Бозии ниҳоӣ бо ҳуҷумҳои пайвастаи дастаи «Айнӣ» оғоз шуд. Муҳофизони дастаи «Рамис-Испечак» бошанд боэҳтиёт бозӣ карда, дарвозаи худро аз гол эмин медоштанд. Аммо бо вуҷуди он ҳама эҳтиёткорӣ дар дақиқаи ҳафтуми вохӯрӣ ҳисоби бозӣ кушода шуд. Ҳамлагари ботаҷрибаи «Айнӣ» Худойдод Нусратов дар тарафи рости нимаи майдони ҳариф ба тӯб соҳиб шуда, чанд нафар бозигарони «Рамис-Испечак»-ро гузашта, тӯбро ба ҷаримагоҳ партофт. Тӯб ба пои муҳофизатгари «Рамис-Испечак» Одил Иргашев бархӯрда вориди дарвозаи дастаи худашон шуд. Баъд аз ду дақиқа Худойдод Нусратов бо зарбаи сахт голи дуюми «Айнӣ»-ро ба самар расонид. Дар дақиқаи 27-уми бозӣ вазъияти дастаи пойтахт бадтар шуд. Муҳофизатгари даста Ҳабиб Далатов рақобати тан ба танро бо ҳамлагари «Айнӣ» Худойдод Нусратов бохта, ӯро бо дарвозабон Анваршо Мирзоев як ба як баровард. Нусратов бе хато голи дуюми худ ва сеюми «Айнӣ»-ро ба дарвозаи «Рамис-Испечак» зад.

Чунин ба назар мерасид, ки «Айнӣ» дар ин бозӣ ғолиб мешавад ва мухлисони даста пеш аз вақт шодона якдигарро бо ғалаба табрик мекарданд. Аммо футбол қонунҳои нонавиштаи зиёде ҳам дорад. Он чӣ ки дар ин бозӣ ба амал пайваст дар тасаввури бисёриҳо намеғунҷид. Дар дақиқаҳои охири қисми аввали бозӣ, ниммуҳофизи «Рамис-Испечак» Исроил Идиев ба задани гол муваффақ шуда, ҳисобро ба 1 бар 3 кард. Дастаҳо бо ҳамин ҳисоб ба танаффус баромаданд.

Дар қисми дуюми вохӯрӣ бошад, бозигарони «Рамис-Испечак» тез-тез ба ҳуҷум гузашта дар назди дарвозаи «Айнӣ» ҳолатҳои хавфноки голзаниро созмон медоданд. Бозигарони «Айнӣ» низ кӯшиш мекарданд, ки ба задани гол муваффақ шаванд. Аммо бозии дастҷамъонаи муҳофизони дастаи пойтахт ва маҳорати баланди дарвозабони «Рамис-Испечак» Анваршо Мирзоев онҳоро намегузоштанд, ки мақсадашонро амалӣ созанд. Дар дақиқаи 70-уми вохӯрӣ Рустам Хоҷаев голи дуюми «Рамис-Испечак»-ро ба самар расонида, рафти бозиро тамоман тағийр кард. Боварии бозигарони «Рамис-Испечак» ба худашон бештар шуд. Онҳо фаъолтар шуда, фишорро ба дарвозаи дастаи «Айнӣ» бештар карданд. Натиҷа ҳамин шуд, ки дар дақиқаи дуюми ба вақти асосии бозӣ илова намудаи сардовар онҳо ба задани голи сеюм муваффақ шуданд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа баъд аз анҷоми вақти асосии бозӣ зарбаҳои пеналти таъин шуданд. Дар задани ин зарбаҳо бошад, бахти футболбозони «Рамис-Испечак» хандид ва онҳо бо ҳисоби 7 бар 6 ғалаба карда, Ҷоми шаҳрдори Душанберо соҳиб шуданд.

Дар маросими мукофотонии ғолибон раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев, ноиби раиси Федератсияи футболи шаҳр Увайдо Давлатбеков, мураббии шоистаи ИҶШС, аъзои Кумитаи Иҷроияи ФФТ Шариф Назаров, собиқадорони футболи тоҷик Алимаҳмад Мирзоев ва Раҳим Шарипов, капитани «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Дилшод Восиев ширкат намуда, ба ғолибону ҷоизадорон Ҷому медалҳо ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукотиро супориданд.

 

ҶОМИ ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ. ФИНАЛ

«Айнӣ» «Рамис Испечак» 3:3. Бо пеналти 6:7

Голҳо: Одил Иргашев, 7 – ба дарвозаи дастаи худ (1:0). Худойдод Нусратов, 9 (2:0). Худойдод Нусратов, 27 (3:0). Исроил Идиев, 37 (3:1). Рустам Хоҷаев, 70 (3:2). Тӯйчӣ Сафаров, 80+2 (3:3).

18 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 750 тамошобинон.

Добавить комментарий