Чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар нахустин даври чемпионати имсолаи Тоҷикистон бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуд.
Чемпионати навбатии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки аз рӯи ҳисоб 24-умин маҳсуб меёбад, имрӯз, 9-уми апрел, бо бозӣ байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз ёфт.
Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари «Истиқлол», бо зарбаи сахту ногаҳонӣ берун аз ҷаримагоҳи меҳмонон дарвозабони «Хуҷанд» Валерий Кашуба, легионер аз Қирғизистонро, маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Дарвоқеъ, ин аввалин голи чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад.
Тӯби дувумро баъди зарбаи Зиёвуддин Фузайлов капитани «Хуҷанд» Соҳиб Ҳакимов дар дақиқаи 90+1 бо сар ба дарвозаи дастааш зад (автогол).
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 1-ум
«ИСТИҚЛОЛ» – «ХУҶАНД» – 2:0
Голҳо: Нуриддин Давронов, 69 (1:0). Соҳиб Ҳакимов, 90+1 – ба дарвозаи худ (2:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук (Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 46), Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (Дилшод Восиев, 65), Нуриддин Давронов, Хосе Баллестер, Зиёвуддин Фузайлов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Хуршед Маҳмудов, 74), Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Валерий Кашуба, Сафаралӣ Каримов, Соҳиб Ҳакимов, Комрони Мирзохон, Манучеҳр Аҳмадов, Бахтиёр Чориев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Алиев, Ҳасан Рустамов (Вайсиддин Сафаров, 82), Аҳтам Ҳамроқулов (Дилшод Бозоров, 79), Фарҳод Тоҳиров (Фирӯз Бобиев, 70).
Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Эраҷ Раҷабов («Истиқлол»), Сафарали Каримов («Хуҷанд»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нуриддин Давронов («Истиқлол»).
Сардовар: Диловаршо Орзуев (Ҳисор) – 8 хол.
Нозири бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).
Бозиҳои боқимондаи даври 1-ум рӯзи шанбеи 11-уми апрел доир мешаванд.
Дар доираи ин давр дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд:
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»
«Хайр» – ССКА «Помир»
«Вахш» – «Парвоз»
Оғози бозиҳо – соати 16:00