Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи мухлисоне, ки новобаста аз сардиву боронии ҳаво ба варзишгоҳ омада тими миллии Тоҷикистонро дар бозии дӯстона бо мунтахаби Сурия (2:3) дастгирӣ карданд, сипосгузории самимона ва эҳтироми бепоёни худро баён месозад.
Дастгирӣ ва садои қарсаку шавқуни шумо ба бозигарони тими миллӣ дар ин бозии ниҳоят мураккаб нерӯи тоза бахшид. Онҳо дастгирии самимонаи шуморо эҳсос карданд. Маҳз бо дастгирии шумо онҳо тавонистанд, ки ба ҳарифи пурқувват рақобати муносиб нишон диҳанд!
Шумо сидқан ва муттаҳидона мухлисӣ кардед! Бозигарони дастаи мо инро эҳсос карданд ва тамоми қувваташонро ба бозӣ равона намуданд. Дирӯз мо дар ҳақиқат муттаҳиду ягона шудем: то бозӣ, дар вақти бозӣ ва баъд аз бозӣ. Ин муттаҳидию ягонагии мо ҳамешагӣ идома хоҳад ёфт.
Мо аз шумо, мухлисони азиз, барои дастгирии самимонаатон дар бозӣ бо Сурия бениҳоят миннатдорем! Шумо вазифаи худро «аъло» иҷро кардед. Шумо дар ҳақиқат бозигари дувоздаҳуми ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шудед!
Мехоҳем сипосгузории худро ба он нафароне, ки бо сабабҳои воқеъӣ ба варзишгоҳ омада натавониста, аммо сидқан дар назди экранҳои телевизион ба тими миллӣ мухлисӣ карданд, низ баён созем. Бовар кунед, ки мураббиёну бозигарони мунтахаби милӣ ин дастгирии шуморо бо қалбашон эҳсос карданд.
Дар пеш бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 истодаанд, ки дар онҳо тими миллӣ бо умеду орзуҳои нав ва бо мақсаду вазифаҳои мушаххас баромад хоҳад кард.
Мо кӯшиш мекунем, ки бозии тамошобоб нишон диҳем ва дар варзишгоҳ ҳамчун дар бозӣ бо Сурия ягон нишастгоҳ холӣ намонад.
Дар соли 2015 бо мо бошед!!! Мо кӯшиш мекунем, ки ба шумо бо ғалабаҳои худ шодиву нишоти фаромӯшнашаванда ҳадя намоем!!!