Ҳафтаи оянда Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) тафсири нави раддабандии моҳи апрелии мунтахабҳои миллиро интишор мекунад, ки натоиҷи он дар қуръакашии марҳилаи дуюми интизобии ҶҶ-2018 барои ҷо ба ҷо гузории мунтахабҳои миллӣ дар сабадҳо истифода хоҳад шуд. Акнун дақиқ маълум гашт, ки тими миллии мо дар ин қуръакашӣ дар сабади сеюм «шинонида» мешавад ва дар марҳилаи гурӯҳии интихобӣ бо мунтахабҳои Афғонистон, Филиппин, Фаластин, Малдив,Таиланд, Лубнон ва Ҳиндустон рӯбарӯ намешавад.
Баъди бозиҳои дӯстонаи рӯзи 31-уми март баргузоршуда, маълум гардид, ки мунтахабҳои миллӣ дар раддабандии навбатии ФИФА, ки рӯзи 9 апрел интишор мешавад, кадом зинаҳоро ишғол мекунанд. Ба иттилои торнамои football-rankings.info, дар варақаи раддабандии навбатии ФИФА, мунтахаби Тоҷикистон аз зинаи 141-ум ба ҷойи 143-юм мефарояд. Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев 175 имтиёз доранд, ки нисбати моҳи гузашта 17 имтиёз камтар аст. Дар байни мунтахабҳои осиёӣ низ мунтахаби Тоҷикистон ду мавқеъро аз даст дода, ба ҷойи 22-юм мефарояд.
Ҳамин тарик, дар қуръакашии марҳилаи дуюми интихоби ҶҶ-2018, ки рӯзи 14-уми апрел дар Куала-Лумпури Малайзия доир мешавад, мунтахаби миллии Тоҷикистон ба сабади сеюм меафтад ва аниқ аст, ки дар як гурӯҳ бо тимҳои миллии Афғонистон, Филиппин, Фаластин, Малдив, Таиланд, Лубнон ва Ҳиндустон бозӣ намекунад.
Инчунин муайян аст, ки мунтахабҳои миллии Эрон, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, ИМА, Узбекистон, Чин ва Ироқ ба сабади якум меафтанд.
Мунтахабҳои миллии Арабистони Саудӣ, Умон, Қатар, Урдун, Баҳрайн, Ветнам, Сурия ва Кувайт ба сабади дуюм меафтанд.
Аз сабади чорум мунтахабҳои Тимори Шарқӣ, Қирғизистон, ҶХДК, Мянма, Туркманистон, Индонезия, Сингапур ва ё Бутан, аз сабади панҷум бошад мунтахабҳои Малайзия, Гонконг, Бангладеш, Яман, Гуам, Лаос, Камбоҷа ва ё Тайбеи Чин метавонад рақибонаи дружинаи Муҳаммадиев шаванд.
Акнун бо боварии комил метавон гуфт, ки мувофиқи тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар Русия, тими миллии Тоҷикистон баромадашро дар доираи ин сабқат, санаи 11-уми июн аз бозии хонагӣ бо яке аз дастаҳои сабади дуюм оғоз мекунад.
Даври дуюми марҳилаи гурӯҳиро, ки 16 июн доир мешавад, мунтахаби миллии мо дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади панҷум мегузаронад. Дар даври сеюм, ки санаи 3-юми сентябр доир мешавад, шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев истироҳат мекунанд. Дар даври чорум, ки баргузорияш 8-уми сентябр дар назар дошта шудааст, якеи аз ҳашт мунтахаби миллии пурқудрати футболи Осиё аз сабади якум ба Душанбе ташриф меорад. Даври панҷумро мунтахаби мо санаи 8 октябр дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади 4-ум мегузаронад.
Ниммаи дуюми марҳилаи интихобиро мунтахаби мо санаи 13 октябр бо яке аз дастаҳои сабади дуюм мегузаронад. Баъд аз ин, боз чор даври дигар дар доираи марҳилаи дуюми интихобӣ доир мешавад, ки мунтахаби мо онҳоро дар санаҳои зерин: даври 7-ум (12 ноябр, дар майдони худ, ҳариф аз сабади 5-ум), даври 8-ум (истироҳат мекунад), даври 9-ум (24 марти соли 2016, дар сафар, ҳариф аз сабади якум), даври 10-ум (29 март, дар майдони худ, ҳариф аз сабади чорум) мегузаронад.
Ҳамагӣ дар доираи марҳилаи дуюми интихобӣ футболбозони мо ҳашт вохӯрӣ – чор вохӯриро дар майдони худ ва чор бозиро дар сафар мегузаронанд.
Ёдовар месозем, ки аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи дуюми интихобӣ, 40 мунтахаб ба 8 гурӯҳи 5 дастагӣ тақсм мешаванд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии интихобӣ аз рӯи системаи даврӣ гузаронида мешаванд. Бозиҳои марҳилаи дуюми ихтисосии ҶҶ-2018 аз 11 июни соли 2015 то 29-уми марти соли 2016 идома мекунанд.
Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чор дастаи нишондодҳояшон беҳтар, ки дар гурӯҳҳо ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба Ҷоми Осиё-2019 роҳхат мегаранд ва дар марҳилаи сеюми интихоби ва ҷамъбастии ҶҶ-2018, ки дар Русия баргузор мешавад, мубориза мекунанд.
Ҳаминро қайд мекунем, ки минбаъд дар қисми хотимавии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон 12 даста ширкат мекунад. Қаблан дар қисми хотимавии марҳилаи мазкур 10 даста иштирок мекард. Дар ҳар гурӯҳ шаш даста баромад мекунад ва дастаҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро ишғолкарда соҳиби роҳхати ҶҶ-2018 мегарданд.
24 дастаи беҳтари даври дуюми муттаҳидкардашудаи интихобӣ дар сабқати алоҳида барои соҳиб шудан ба 12 роҳхати боқимонда (ва ё 11+1, ҷой барои мунтахаби мизбон) мубориза мекунанд.
Ҳайати пурраи сабадҳои қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 ба таври зайл аст:
Сабади 1: Эрон, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, ИМА, Узбекистон, Чин, Ироқ.
Сабади 2: Арабистони Саудӣ, Умон, Қатар, Урдун, Баҳрайн, Ветнам, Сурия, Кувайт.
Сабади3: Афғонистон, Филиппин, Фаластин, Малдив, Таиланд, ТОҶИКИСТОН, Лубнон, Ҳиндустон.
Сабади 4: Тимори Шарқӣ, Қирғизистон, ҶХДК, Мянма, Туркманистон, Индонезия, Сингапур, Бутан.
Сабади 5: Малайзия, Гонконг, Бангладеш, Яман, Гуам, Лаос, Камбоҷа, Тайбеи Чин.