Имрӯз, 26 май, дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои сомонаи расмии Президенти мамлакат аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар мавзуҳо лоиҳаи қарори Ҳукумат дар бораи “Барномаи давлатии рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2021”-ро низ таҳлилу баррасӣ намуданд.
Дар ин марҳила Барномаи давлатии рушди футбол самти асосии фаъолияти худро ба муҳайё намудани шароити мувофиқ барои рушду инкишофи футбол, ташвиқу тарғиби футбол миёни аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон, созмон додани системаи воҳиди омодагии мунтахабҳои миллии Тоҷикистон равона намуда, ҳамчунин чандин мавзуҳои мушаххаси беҳдошти ин соҳаи муҳими ҳаёти иҷтимоии мардуми кишварро дар бар мегирад.