Лигаи якуми Тоҷикистон: “Эсхата” ва “Маҳаллаи-83” дар бозиҳои хонагӣ ғолиб меоянд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон: “Эсхата” ва “Маҳаллаи-83” дар бозиҳои хонагӣ ғолиб меоянд

Имрӯз, 13 май, барномаи даври чоруми Лигаи якуми Тоҷикистон бо баргузории ду бозӣ ҷамъбаст шуд.

Дастаи футболи “Маҳаллаи-83”-и пойтахт, ки соли аввал аст дар ин мусобиқа баромад мекунад, дар майдони худ бар “Парвоз” бо ҳисоби калони 5 бар 1 пирӯзӣ ёфт.

“Эсхата”-и Хуҷанд бошад, дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд бар “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо гардид.

Даври панҷуми бозиҳои Лигаи якуми Тоҷикистон рӯзҳои 19 ва 20 май доир мешавад. Дар ин давр дастаҳо ба тартиби зайл вомехӯранд: «Равшан» – «Саройкамар», «Зарафшон» – «Куктош», «Ваҳдат» – «Локомотив-Помир» (19 май), «Парвоз» – «Зарбдор», «Ҳулбук» – «Маҳаллаи-83» ва «Сомон» – «Эсхата» (20 май).

 

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 4-ум

«Эсхата» – «Ҳулбук» – 3:1

«Маҳаллаи-83» – «Парвоз» – 5:1

 

    Б Ғ Б М Т/Т И
1 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 4 3 1 0 10-4 10
2 «Саройкамар» (Панҷ) 4 3 1 0 6-1 10
3 «Маҳаллаи-83» (Душанбе) 4 3 0 1 14-5 9
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 3 0 1 9-4 9
5 «Эсхата» (Хуҷанд) 4 3 0 1 8-4 9
6 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 4 2 0 2 5-5 6
7 «Ҳулбук» (Восе) 4 1 1 2 4-7 4
8 «Зарбдор» (Исфара) 4 1 1 2 6-10 4
9 «Сомон» (Данғара) 4 0 4 0 4-4 4
10 «Парвоз» – Аэропорти Хуҷанд 4 0 1 3 5-11 1
11 «Зарафшон» (Панҷакент) 4 0 1 3 2-9 1
12 «Равшан» (Кӯлоб) 4 0 0 4 5-14 0

НишонзанҳоДжастис Агией Канкам («Маҳаллаи-83») – 7 гол.

 

Дар даври 5-ум вомехӯранд:

19 май (ҷумъа)

Оғоз соати 17:00

«Равшан» – «Саройкамар»

«Зарафшон» – «Кӯктош»

«Ваҳдат» – «Локомотив-Помир»

20 май (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Парвоз» – «Зарбдор»

«Хулбук» – «Махаллаи-83»

«Сомон» – «Эсхата»

Добавить комментарий