Фестивали оммавии футболи кӯдакон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ширкати 120 нафар кудакон аз ноҳияву маҳалҳо ва кӯчаҳои шаҳр гузаронида шуд.
Раиси федератсияи футболи шаҳри Душанбе Анваршо Мирзоев дар сӯҳбат гуфт: «Боз як қадаме барои ривоҷи футбол байни кӯдакон гузошта шуд ва дар ояндаи наздик аз миёни онҳо футболбозоне ба воя мерасанд, ки дар дастаҳои гуногуни футболи мамлакат ҳунарнамоӣ карда, барои худ роҳро ба сӯи дастаи мунтахаб ҳамвор мекунанд, номвар мешаванд ва ба устодони ҳақиқии футбол табдил меёбанд».
Фестивал ба ҷашни рангину ёдмон табдил ёфт ва аз он иштирокчиёнаш лаззат бурда, дӯстони зиёде пайдо карданд ва минбаъд рафоқати байниҳамдигариро идома хоҳанд дод.
Дар анҷоми фестивал ба ҳамаи иштирокчиён тӯбҳои футбол ва маҷмӯи либосҳои варзишӣ супорида шуданд. Мураббиён бошанд, аз ҷониби номояндаи ФИФА Александр Чернухо бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи машғулиятҳо сарфароз гардиданд.