Нахустин бозии бебарори дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳаким Фузайлов – Федерация Футбола Таджикистана

Нахустин бозии бебарори дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳаким Фузайлов

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон  дар нахустин бозии интихобии Ҷоми Осиё-2019 шоми дирӯз дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамади Қатар аз дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин аввалин бохти дастаи мунтахаб таҳти роҳбарии сармураббии он Ҳаким Фузайлов дар 9 бозӣ ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки оғози вохӯрӣ барои футболбозони мо бобарор буд. Баъди зарбаи кунҷӣ Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 9-ум ҳисобро боз кард. Вале дар дақиқаи 41-ум футболбозони мо ба хатогӣ роҳ доданд ва  тӯби ба пеш задаи Сиёвуш Асроровро футболбозони яманӣ соҳиб шуда, ҳуҷуми барқвори худро ташкил доданд ва зарбаи сахти Аҳмад ал-Сарориро Давронҷон Эргашев  ноуҳдабароёна баргардонд ва тӯб ба тӯри дарвоза даромад. Ҳисоби баробар дастаҳоро ба танаффус бурд.

Дар нимаи дуюм Ало Муҳаммад Абдулло ал-Сасӣ дар дақиқаи 63-юм голи дуюми дастаи  мунтахаби Яманро ба самар расонида, яманиҳоро соҳиби пирӯзии аввал  дар бозиҳои гурӯҳи «Ф»  кард.

Футболбозони мо барои баробар кардани ҳисоб танҳо як имконияти дигар доштанд, вале зарбаи Нозим Бобоҷоновро дарвозабон баргардонд.

Дар пеш боз панҷ бозии дигар аст. Ҳарифи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон-дастаи мунтахаби Филиппин дар майдонаш дастаи Непалро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Натиҷаи ин бозӣ барои дастаи мо тақдирсоз хоҳад буд. Аз ин рӯ аз камбудиҳо хулоса бароварда, ба бозии дастаи мунтахаби кишварамон тағйирот бояд ворид намуд.

 

Ҷоми Осиё-2019. Бозиҳои интихобӣ

Гурӯҳи «F». Даври 1-ум

Яман – Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 9 (0:1). Давронҷон Эргашев, 41 – автогол (1:1). Ало Муҳаммад Абдулло ал-Сасӣ, 63 (2:1).

Яман: Муҳаммад Иброҳим Алӣ Аяш, Муҳаммад Фуад Муҳаммад Умар, Мудир ал-Ризоӣ, Натек Ҳезам Қоид Раҷеҳ, Ало Муҳаммад Абдулло ал-Сасӣ, Айман ал-Ҳаҷрӣ (Тавфиқ Алӣ, 79), Абдулвосеъ ал-Матарӣ, Аҳмад Алӣ ал-Хифӣ (Фуад Солеҳ Муҳаммад Ал-Омайсӣ, 89), Ало Аддин Маҳдӣ, Ҳамад Аҳмад Муҳаммад ал-Зубайрӣ (Малик Аҳмад ал-Ғабрӣ, 73), Аҳмад ал-Сарорӣ.

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (Ҷаҳонгир Эргашев, 76), Ҷаҳонгир Алиев (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Нозим Бобоҷонов, 62), Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Ало Аддин Маҳдӣ (Яман), Искандар Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

Бозингари беҳтарин: Ала Муҳаммад Абдулло ал-Сасӣ (Яман).

Сардовар: Нагор Амир Бин Нур Муҳаммад (Малайзия).

Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).

Комиссари бозӣ: Ҷаргал Суҳбаатар (Муғулистон).

28 март. Доҳа. Варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад. 380 тамошобин.

 

Филиппин – Непал – 4:1

Голҳо: Филипп Ҷеймс Янгхасбенд, 21 – аз пеналтӣ (1:0). Филипп Ҷеймс Янгхасбенд, 23 (2:0). Иан Рамсей, 27 (3:0). Бишал Рай, 45+1 (3:1). Хавйер Патинйо, 73 (4:1).

Аз майдон ронда шуд: Бикрам Лама (Непал), 12.

28 март. Манила. Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал. 1715 тамошобин.

Добавить комментарий