Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Душанбе курсҳои серӯзаи Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ (ФИФА) барои мураббиёни кӯдакон аз рӯи барномаи кӯдакон ва футболи оммавӣ оғоз ёфт.
Хуршед Мирзо – ноиби президенти ФФТ дар ҷараёни кушодашавии курсҳо иштирокдоронро бо иди Наврӯз ва оғози семинар табрик гуфта, дар бораи аҳамияти ин машғулиятҳо ва тарбияи футболбозони болаёқат дар миёни кӯдакону наврасон сухан ронд ва аз тараққии босуръати футбол дар ҷаҳон ёдрас шуд.
Коршиноси ФИФА Александр Чернухо аз ҷумҳурии Белорус ба ҳозирин бо лафзи шевои тоҷикӣ -«Хуш омадед, дӯстони азиз» сухан оғоз кард ва арз намуд, ки пиёда кардани барномаҳои оммавигардонии футбол миёни кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёре аз кишварҳои Осиё мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва онҳо ин роҳро пешаи худ кардаанд. «Дар Тоҷикистон футбол ба роҳи дуруст равон аст ва дар 6-8 соли наздик футболи шумо ба комёбиҳои назаррас муваффақ хоҳад шуд. Боиси ифтихор аст,ки кишвари Тоҷикистон барномаи тараққии футболро то соли 2026 қабул кардааст ва аз рӯи он амал мекунад» – изҳор дошт, Чернухо.
Барномаи серӯзаи курсҳо аз машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ иборат мебошанд. Дар рӯзи охир дар Варзишгоҳи марказии пойтахт фестивали кӯдакон бо ширкати 120 нафар гузаронида мешавад.