Доварони бозии байни дастаҳои Яман ва Тоҷикистон таъин шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони бозии байни дастаҳои Яман ва Тоҷикистон таъин шуданд

Бозии аввалини расмии интихобии гурӯҳи «F»-и Ҷоми Осиё-2019-ро бо ширкати дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон, ки 28-уми март дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад гузаронида мешавад, доварон аз кишвари Малайзия ҳакамӣ мекунанд.

Ба ҳайси довари майдон Нагор Амир бин Нур Муҳаммади 33-сола (довари ФИФА, дар акс аз рост) таъин шудааст. Ба ӯ Муҳаммад Шаҳрим бин Че Умар ва Муҳаммад Ориф Шамил бин Рашид (ёварони довари ФИФА) кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи Муҳаммад Замзаидӣ бин Катимина (довари ФИФА) вогузор шудааст. Нозири доварон Маҳюб Содиқ аз Фаластин ва комиссари вохӯрӣ Ҷаргал Суҳбаатар аз Муғулистон мебошанд.

Тавре иттило додем, бозии аввалини интихобии гурӯҳи «F»-и Ҷоми Осиё-2019 бо ширкати дастаҳои мунтахаби Яман ва Тоҷикистон  28-уми март дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад, соати 21:00 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин рӯз дар гурӯҳи «F» вохӯрии байни дастаҳои Филиппин ва Непал низ гузаронида хоҳад шуд.

Добавить комментарий