Чемпиони секаратаи Тоҷикистон аз футзал – «ДИСИ Инвест»-и шаҳри Душанбе дар чемпионати Осиё байни клубҳо ширкат хоҳад намуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бора аз Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) номаи расмӣ гирифтааст, ки чемпиони Тоҷикистон оид ба футзал барои ширкат дар чемпионати Осиё рухсат гирифтааст. Бозиҳои ниҳоии чемпионати Осиё оид ба футзал аз 19-ум то 30-юми июл дар шаҳри Хошимини Ветнам мегузарад, аммо хабаре нарасидааст, ки «ДИСИ Инвест» аз кадом марҳала ба бозиҳо шурӯъ мекунад.
Ёдрас бояд шуд, ки то ҳанӯз дастаҳои футзали Тоҷикистон ягон маротиба дар чемпионати Осиё байни клубҳо ширкат наварзидаанд.