Имрӯз, 21-уми март ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Директори генералии Лигаи футболи мамлакат Алишер Урунов ба синни мубраки 50 расид.
Кормандони ФФТ Алишер Додоҷоновичро ба ин муносибат табрику муборакбод гуфта, ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи хушу бурдбориҳо ва дар корҳояш комёбиҳо орзу мекунанд. 50-солагии мавлуд муборак!