Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси»-и шаҳри Душанбе курси омӯзишии мураббиён барои ноил шудан ба литсензияи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) оғоз ёфт.
Чунин курсҳо дар Тоҷикистон 2 сол қабл гузаронида шуда буданд. Машғулиятҳо аз рӯи барномаи департаменти техникии ФФТ ройгон гузаронида мешаванд ва дар он беш аз 20-нафар мутахассисону футболбозони шинохтаи собиқи кишварамон, чун Аслиддин Ҳабибуллоев, Юсуф Рабиев, Маъруф Рустамов, Алишер Туйчиев, Комрон Шодиев, Файз Давлатов, Одилҷон Каримов, Пайрав Воҳидов, Шуҳрат Ҳақбердиев, Ӯктам Сатторов, Ғиёс Назаров, Сӯҳроб Шарифов, Далер Каёсов, Сафаралӣ Раҳмонов, Бахтиёр Панҷиев, Бахтиёр Ҳалимов, Шавкат Иброҳимов, Ашӯр Гадоев, инчунин ду мутахассис аз давлати Туркия – Ҳоқон Сарибасак ва Убайдулло Явуз иштирок доранд.
Машғулиятҳоро коршиноси КФО Ислом Ахмедов аз Ӯзбекистон бо кумаки коршиносони тоҷик Боир Эгамбердиев ва Илдар Раҳмонов (коршиносони КФО) мегузаронанд.
Баъди анҷоми машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ онҳое, ки аз имтиҳонҳо бомуваффақият мегузаранд, сазовори литсензияи «А» мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки мутахассисоне, ки соҳиби литсензияи «А» мегарданд, ҳуқуқ доранд ба дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон машқ диҳанд ва дар оянда барои ноил шудан ба литсензияи дараҷаи олӣ – «Pro» омӯзиши худро идома диҳанд.