Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нозим Бобоҷонов, ки имсол шарафи дастаи «Баҳрайн»-ро ҳимоя мекунад, дар вохӯрии даври навбатии чемпионати Баҳрайн бо КФ «Ал-Риффа» ба задани аввалини голи худ мушарраф шуд. Ӯ дар дақиқаи 39-ум бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвоза карда , ҳисобро кушод. Аммо соҳибони майдон дар нимаи дуюми бозӣ баъди зарбаҳои Саъд ал-Амир (56-ум дақиқа) ва Данило Буэно (90) ду маротиба тӯбро аз дарвозаашон гирифтанд ва бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуданд.
Дастаи «Баҳрайн» баъди 12 давр, бо касби 7 имтиёз дар зинаи охири ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
10 март клуби Нозим Бобоҷонов дар сафар бо дастаи «Манама» қувва меозмояд.