Дар студияи шабакаи телевизиони «Варзиш» рӯзи 10-уми феврал қуръакашии таквими бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон барои мавсими соли 2017 баргузор шуд.
Дар сабқати Лигаи олии Тоҷикистон, ки аз рӯи ҳисоб 26-ум маҳсуб меёбад, ҳашт даста иштирок хоҳанд кард. Бар асоси ҷамъбасти натоиҷи литсензиякунонӣ клубҳои футболи «Истиқлол», «Барқчӣ», КМВА «Помир» (ҳама аз Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Панҷшер» (ноҳияи Ҷалолиддин балхӣ) ба ҳақи иштирок дар Лигаи олии Тоҷикистон роҳ ёфтанд. «Панҷшер» оли гузашта дар Лигаи якуми Тоҷикистон мудалҳои хурди тиллоро соҳиб шудааст.
Дар қуръакашӣ намояндагони дастаҳои футболи Лигаи олии мамлакат бо навбат, мувофиқи раддабандӣ барои муайян кардани рақами тартибияшон қуръа кашиданд. Дастаҳо бо ин рақамашон ба тақвими бозиҳои Лигаи олӣ ворид карда шуда, бо кӣ ва дар кадом тартиб, яъне дар хона ва ё дар сафар бозӣ карданашон маълум мешавад. Дар натиҷа дастаҳо рақамҳои зеринро соҳиб шуданд:
1. «Барқчӣ» (Душанбе)
2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
3. «Ҳосилот» (Фархор)
4. «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
5. КМВА «Помир» (Душанбе)
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд)
7. «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
8. «Истиқлол» (Душанбе)
Ба ин тартиб, дар даврҳои якум ва дуюми Лигаи олии Тоҷикистон дастаҳо ба таври зер вомехӯранд:
Даври 1-ум
«Барқчӣ» – «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»
«Ҳосилот» – «Хуҷанд»
«Вахш» – КМВА «Памир»
Даври 2-юм
«Истиқлол» – КМВА «Помир»
«Хуҷанд» – «Вахш»
«Панҷшер» – «Ҳосилот»
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»
Тақвими бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон барои мавсими нав бо ёрии таблитсаи олим ва шоҳмотбози машҳури белгиягӣ Бергер сохта мешавад. Қуръакашии бозиҳои қисми сеюми Лига баъди анҷоми бозиҳои қисми якум доир мегардад.
Ҳаминро қайд мекунем, ки бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон барои бори аввал дар қисм доир хоҳанд шуд. Бозиҳо 5-уми март шурӯъ мешаванд ва ҳар даста 21 бозӣ мегузаронад. Дастаи ҷои охиррро ишғолкарда Дигаи олиро тарк мекунад ва дастаи ҷои ҳафтум бо дастаи ҷои дуюми лигаи якум дар бозии гузаришӣ рақобат хоҳад намуд.
Тақвими пурраи бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон баъд аз тасдиқ шуданаш интишор мешавад.