Мунтахаби миллии Афғонистон, ки бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба гурӯҳи «С» дохил шудааст, бозии хонагиашро муқобили Ветнам дар Душанбе анҷом медиҳад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби Афғонистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун, Ветнам ва Камбоҷа рақобат хоҳад кард.
Федератсияи футболи Афғонистон, ки ба иллати далоили амниятӣ бозиҳои байналмилалиро дар кишвари худ доир карда наметавонад, Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанберо ба сифати майдони худ ҷиҳати баргузории бозиҳои хонагиаш дар Ҷоми Осиё-2019 барои тими миллӣ интихоб кардааст.
Бозии нахустини худро дар доираи ин мусобиқа тими миллии Афғонистон муқобили мунтахаби Ветнам 28-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.