Рӯзи 23-юми январ дар шаҳри Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 баргузор мешавад, ки аз рӯи он рақибони мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин марҳилаи мусобиқа маълум мешаванд. Имрӯз бошад Конфедератсияи футболи Осиё ҳангоми қуръакашӣ дар сабадҳо ҷойгиршавии мунтахабҳои иштирокчии ин марҳилаи мусобиқаро интишор намуд.
Баъд аз нашри феҳристи нави раддабандии ФИФА, ки имрӯз 13-уми январ ба дасти чоп расид, Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати комили мунтахабҳои иштирокчии марҳилаи интихобии Ҷоми КФО – 2019-ро низ нашр намуд. Дар марҳлаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб доир мешавад, барои бори аввал 24 даста иштирок хоҳад кард. 12 мунтахаби иштирокчии ин марҳила аллакай маълум аст ва 24 даста дар марҳилаи интихобӣ барои 12 роҳхати боқимонда талош мекунанд. Қуръакашии ин марҳилаи Ҷоми Осиё-2019 рӯзи 23 январ баргузор мегардад. Дар марҳилаи интихобии мазкур 24 мунтахаб ба 6 гурӯҳи 4 дастагӣ тақсим мешаванд ва аз ҳар гурӯҳ 2 дастаи ҷойҳои аввал соҳиби роҳхати ҳақи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2019-ро мегарданд.
Мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми қуръакашӣ дар сабади дуюм ҷой мегирад. Рақибони мунтахаби мо дастаҳо аз сабадҳои якум, сеюм ва чорум мешаванд. Ин ба он маъност, ки дастаҳои сабади дуюм – мунтахабҳои Ҳиндустон, Фаластин, Ветнам, Ҳонконг ва Туркманистон дар марҳилаи интихобӣ рақиби Тоҷикистон намешаванд.
Мунтахабҳои Урдун, Умон, Филиппин, Баҳрайн, Қирғизистон ва ҶХДК дар сабади якум, мунтахабҳои Молдив, Лубнон, Яман, Афғонистон, Тайван ва Мянма дар сабади сеюм ва мунтахабҳои Малайзия, Сингапур, Камбоҷа, Непал, Бутан ва Макао дар сабади чоруми қуръакашӣ ҷойгир ҳастанд.
Баъд аз маълум шудани сабадҳо, инчунин аён гардид, ки дар доираи вохӯриҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 мунтахаби миллии мо дар соли 2017 се бозиро дар майдони худ в аду бозиро дар сафар мегузаронад.
Дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон рӯзи 28 март дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади сеюм вомехӯрад. Дар даври дуюм санаи 13 июн бошад, дружинаи Ҳаким Фузайлов дар майдони худ бо яке аз дастаҳои сабади якум рақобат мекунад. Дар даври сеюми мусобиқа, ки 5 сентябр доир мешавад, мунтахаби миллии Тоҷикистон дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади чорум рӯбарӯ мешавад. Даври чоруми мусобиқа рӯзи 10 октябр доир мегардад ва дар он тими миллиямон дар майдони худ бо дастае аз сабади чорум вомехӯрад. Дар даври пеш аз ҷамъбастии панҷум бошад, командаи Ҳаким Фузайлов дар майдони худ бо яке аз дастаҳои сабади сеюм рақобат мекунад. Бозии ҷамъбастии худро дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон 27 марти соли 2018 дар сафар муқобили мунтахабе аз сабади якум мегузаронад.
Ҳайати сабадҳо дар қуръакашӣ ба таври зайл аст:
Сабади 1: Урдун, Умон, Филиппин, Баҳрайн, Қирғизистон, ҶХДК.
Сабади 2: Ҳиндустон, Фаластин, ТОҶИКИСТОН, Ветнам, Ҳонконг, Туркманистон.
Сабади 3: Молдив, Лубнон, Яман, Афғонистон, Тайван, Мянма.
Сабади 4: Малайзия, Сингапур, Камбоҷа, Непал, Бутан, Макао.