Мемориали Валентин Гранаткин: мусовӣ бо Эстония – Федерация Футбола Таджикистана

Мемориали Валентин Гранаткин: мусовӣ бо Эстония

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи 29-уми байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин бозии севумашро дар гурӯҳи «А» рӯзи 12 январ дар Санкт-Петербург бо мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ба голи эстониҳо (дақиқаи 45-ум), Шериддин Бобоев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 63-юм, бо гол посух дод.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур дар нахустин бозиаш бар мунтахаби Юнон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Голро Эҳсони Панҷшанбе аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар дақиқаи 55-ум ба ҳадаф расонд. Вале футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ аз мунтахаби Булғористон бо ҳисоби 0:1 мағлуб гаштанд.

Тақдири ду роҳхат ба даври чорякниҳоӣ дар бозии охирини сабқати гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Юнон ва Булғористон, ки 12 январ барпо гардид, ҳал шуд. Юнониҳо бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб омаданд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “А” мунтахаби Юнон бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Булғористон бо 4 имтиёз дувум шуд. Тоҷикистон низ чор имтиёз гирифт, вале бо назардошти бозӣ миёни ҳарду, мунтахаби Тоҷикистон баъди Булғористон дар зинаи севум ҷойгир шуд. Эстония бо ду имтиёз ҷойи охиринро соҳиб гашт.

Ҳамин тариқ, дастаҳои Юнон ва Булғористон, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд, муборизаро барои ҷоизаҳои мусобиқа идома медиҳанд. Вале дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония барои ҷойҳои 9-16-ум талош мекунанд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар марҳилаи дувуми мусобиқа рӯзи шанбеи 14-уми январ бо дастаи Беларус, ки дар гурӯҳи “В” бо як имтиёз ҷойи охиринро гирифт, вориди рақобат мешаванд.Дар гурӯҳи “В” дастаи Русия, ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Латвия бо 4 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар ду гурӯҳи дигар – “С” ва “D” – бозиҳои даври охирин имрӯз, 13 январ, баргузор мешаванд. Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия то рӯзи 21-уми январ идома хоҳад кард.

 

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Эстония – 1:1

Голҳо: Марко Липп, 45 (0:1). Шериддин Бобоев, 63 (1:1).

Тоҷикистон: Далер Азизов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Умарҷон Шарифов (Шаҳром Самиев, 52), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Сафаров, Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), Хейнмаа Фредди, Артём Давидов, Марккус Сеппик, Расмус Саар, Маркус Поом, Ингмар Кристер Паплавскис, Артём Островский (Эстония).

Сардовар: Кирилл Силантев (Русия).

12 январ. Санкт-Петербург. МВК «Петербургский». 400 тамошобин.

 

Б Ғ М Б Т И
1 Юнон 3 2 0 1 8-1 6
2 Булғористон 3 1 1 1 1-4 4
3 Тоҷикистон 3 1 1 1 2-2 4
4 Эстония 3 0 2 1 1-5 2

Добавить комментарий