Дар Душанбе мавсими нави лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» шурӯъ шуд. Дар ин лоиҳа дастаҳои футболи кӯчаҳои пойтахти кишвар иштирок мекунанд.
Лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» соли 2013 роҳандозӣ шуда, имсол барои бори чорум баргузор мешавад. Ҳадафи асосӣ аз баргузории ин лоиҳа ҷалби шумораи бештари кӯдакону наврасон ба бозии футбол мебошад. Дар лоиҳаи нави «Футбол ба назди шумо меояд» қариб, ки тамоми кӯчаву микрорайонҳои пойтахт фаро гирифта мешаванд. Дар давоми се соли қаблӣ дар ин лоиҳа бештар 227 даста иштирок намуда, 3109 бозӣ доир гардонида шуд, ки дар онҳо 6500 қудак шират кард.
«Номи лоиҳа – «Футбол ба назди шумо меояд» ифодакунандаи ҳадафҳои асосии худ мебошад, – мегӯяд сардори шӯъбаи футболи кӯдакону наврасони департаменти техники Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков. Кори мо ба ин тавр роҳандозӣ шудааст, ки дар байни дастаҳои футболи кӯчаву микрорайонҳои пойтахт мусобиқаҳои мухталифи футболиро ташкилу баргузор гардонем. Беҳтарин дастаҳо ва инчунин бачаҳои соҳибистеъдод ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфта, чемпиони Душанбе байни дастаҳои футболи кӯчаву микрорайонҳои шаҳр муайян карда мешавад. Ин барнома дурнамои хуб дорад. Мо ният дорем, ки доираи фаъолияти лоиҳаро васеъ гардонида, барои иштирок дар он дастаҳоро аз Навоҳии Тобеи Марказ низ ҷалб кунем».
Қобили қайд аст, ки лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» барандаи ҷоизаи ташкилоти байналмилалии «Peace and Sport» мебошад. Ташкилоти байналмилалии мазкур дар ҳокимгарии Монако воқеъ аст.