Конфедератсияи футболи Осиё пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо макони баргузории марҳилаи пешакии Ҷоми Осиё-2018 байни мунтахабҳои миллии футболи занона тасдиқ кард.
Қуръакашии марҳилаи муқаддимотии Ҷоми Осиё – 2018 байни мунтахабҳои миллии футболи занона рӯзи 21 январ дар Аман доир мешавад. Дар ин марҳилаи мусобиқа, дар баробари мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон, инчунин мунтахабҳои футболи занонаи Куриёи Ҷанубӣ Таиланд, Ветнама, Урдун, Мянма, Тайбэи Чин, ӯзбекистон, Филиппин, Ҳонконг, Лубнон, Баҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Фаластин, ҶХДК, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва АМА иштирок мекунанд.
Мунтахаби футболи занонаи Урдун ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё – 2018 беихтиёр (автоматически) ба марҳлаи ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфта, дар марҳилаи пешакии он ба таври ғайриконкурсӣ иштирок мекунад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дар марҳилаи пешкии Ҷоми Осиё-2018 чор гурӯҳ – 3 гурӯҳи 5 дастагӣ ва 1 гурӯҳи иборат аз 6 даста созмон дода мешаванд. Марҳилаи интихобии мусобиқа аз 3 то 12 апрел дар Тоҷикистон, Фаластин, ҶХДК ва Ветнам доир мешавад.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 ғолибони чор гурӯҳ роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз мунтахаби занонаи Урдун, инчунин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 се дастаи беҳтарини охирин чемпионати Осиё байни бонувон, ки соли 2014 дар Ветнам доир гашт, роҳхат доранд. Инҳо мунтахабҳои миллии футболи занонаи Ҷопон, Австралия ва Чин мебошанд.